Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми идонаи раисҷумҳури Тоҷикистон


Ба симпозиуми байнулмилалӣ оид ба Имоми Аъзам Абӯҳанифа беш аз 500 нафар олимон аз қариб 50 кишвари ҷаҳон даъват шудаанд.

Ин нукта дар як машварати кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумат таъкид шудааст. Дар ин ҷаласа бар иловаи омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва Иди саиди Фитр, ҳамчунин масъалаи тайёриҳо ба зимистон низ баррасӣ шудааст.

Дар ин робита таваҷҷӯҳи асосӣ ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва захира намудани озуқаворӣ ва маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт равона шудааст, хабар медиҳад торнамои расмии раисҷумҳур. Имсол бори нахуст қисмате аз пойтахт бо гази табиии худӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъмин мегардидааст.

Мавзӯъи истифода аз лампаҳои каммасраф низ дар ин машварати кории ҳукумат матраҳ будааст. Бо таъкиди он ки гузаштан ба лампаҳои каммасраф истеъмоли нерӯи барқ дар ҷумҳуриро 60-70% коҳиш медиҳад, бори дигар таъкид гардид, ки фитри рӯза на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат анҷом дода шавад, «зеро ин на кӯмаки яквақта, балки ёрии дарозмуддат ба эҳтиёҷмандон мешавад», гуфтааст президент Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъи хайру саховат ба ниёзмандонро дар паёми табрикии худ ба муносибати Иди Фитр ба сокинони Тоҷикистон низ таъкид кардааст.

Дар паёми табрикияш президент ҳамчунин гуфтааст, мусулмонони Тоҷикистон «пайравони ақидаву эътиқоди динии мӯътадил буда, Ислом барои онҳо нишонаи имондорӣ, воситаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва қонеъ гардонидани ниёзҳои рӯҳонӣ мебошад. Гузашта аз ин, ниёгони хирадманди мо бо донишу андеша ва осори ҷовидонаи худ ба тамаддуни исломӣ хизматҳои шоиста карда, дар пешрафту густариши дини мубини ислом, ташвиқу тарғиби он ва ваҳдату иттиҳоди мусулмонон саҳми арзанда гузоштаанд».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG