Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Mавсими бозгашт

Акбар, як ҷавони 22-сола, се рӯз шудааст, аз шаҳри Саратови Федератсияи Русия баргаштааст. Вай мегӯяд, мушкили пайдо кардани кори сердаромад, гаронии нархи иҷораи манзил ва поинрафти ҳаққи кор барои муҳоҷирони хориҷӣ аз мушкилоти аслиест, ки ӯро водор кард, то ба ватан баргардад. Вай мегӯяд, ин масъала ҳоло ҷавонони зиёди муҳоҷирро нигарон кардааст. Акбар ин солро ҳамчун соли нисбатан камбарор аз лиҳози даромад унвон карда, мегӯяд, имсол дар Русия ҳамватанони зиёдро вохӯрдааст, ки аз камбуди кору даромади хуб азият шудаанд.

Амиқрафти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ, фарорасии сардиҳои тирамоҳӣ ва поинрафти корҳои мавсимии муҳоҷират шумори бештари ҷавононро ба ватан бармегардонад. Саид Ғафуров, сардори истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд мегӯяд, сар аз соли ҷорӣ ҳудудан 10 ҳазор нафар тариқи роҳи оҳан аз шаҳру манотиқи Русия ба Хуҷанд баргаштанд ва аксари ин мусофирон ҷавонони аз 20 то 35-сола ҳастанд. Вай ҳам гуфт, ки дар сӯҳбат ин ҷавонҳо аз нисбатан шадидтар шудани шароити зисту кор шикоят мекунанд.

Таъсири бӯҳрон ба муҳоҷирон

Салим, як муҳоҷири дигар, ки аз шаҳри Сургути Русия баргаштааст, мегӯяд, бо шиддатгирии бӯҳрони молӣ имсол ҳудуди 50 фисад моҳонаи ӯро коҳиш додаанд. Салим ба ҳайси хиштчин дар сохтмони биноҳои маишӣ фаъолият мекардааст, вале ба таъсири бӯҳрони молӣ моҳонаи ӯро аз 22 ба 10 ҳазор рубли русӣ поин бурдаанд. Ӯ мегӯяд, аз як тараф таъсири бӯҳрони молӣ, аз сӯи дигар ба сабаби хатми корҳои мавсимӣ шумори зиёди мардикорон дар Русия бекор мондаанд.

Коршиноси мустақил, Саидамин Комилов, мегӯяд, ҳамоно хонаводаҳои зиёд дар Тоҷикистон дастнигари даромади азизонашон дар Русия ба сар мебаранд ва ба ҷуз умедворӣ аз кори фарзандон дар Русия оилаҳо роҳе надоранд. Оқои Комилов мегӯяд, баъзе ҷавонон дар муҳоҷират кор пайдо накарда мондаанд, онҳо ҳатто чиптаҳояшонро харидорӣ карда натавониста, аз дигар рафиқонашон амонат гирифта омаданд.

Мавридҳое ҳам кам нестанд, ки маҳз бо сабаби камбуди маблағ муҳоҷирони зиёд аз бозгашти мавсимӣ ба хона худдорӣ кардаанд. Писари хонум Мунаввар ду сол аст, ки ба хона наомадааст ва дар зангҳои телефонӣ ба ӯ тасмими имсолаи идомаи кору зиндагӣ дар Русияро бо ҳамин сабаби гарон будани қимати чиптаи бозгашт тавзеҳ додааст. Ӯ мегӯяд, баъди машварат бо волидон қарор шуд, ки ӯ зимистони навбатӣ ҳам дар он ҷо бимонад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG