Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Adidas ва Puma бо ҳам оштӣ мекунанд


Ду ширкати маъруфи тавлиди пероҳану пойафзоли варзишӣ Adidas ва Puma баъди беш аз 60 соли муқовимат бо ҳам оштӣ мекунанд. Муассисони ин корхонаҳо - бародарон Адӣ ва Рудолф Дасслер ҳанӯз солҳои 20-уми қарни гузашта ба тавлиди пойафзоли варзишӣ шурӯъ карда буданд. Дар давраи ҷанги дуввуми ҷаҳон онҳо бо ҳам моҷаро ва қаҳрӣ карданд ва дар ду соҳили дарё корхонаҳои худро бунёд намуданд. Ба ин васила онҳо сокинони шаҳраки Ҳерсогенаурахро дар ду сангар қарор доданд.
Рӯзи душанбе, 21 сентябр, кормандони ҳар ду ширкат дасти ҳамдигарро мефишоранд ва сипас миёни онҳо бозии футбол баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG