Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки дар ивази пули садақаи иди Фитр ба афроди камбизоат чароғи каммасраф туҳфа кунанд.

Ҳамдуллои Раҳимзода, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе, низ дар намози ҷамоати имрӯз, 18 сентябр, аз намозгузорон ва сокинони кишвар даъват ба амал овард, то онҳо дар ивази қиммати садақаи иди Фитр ба хонаводаҳои камбизоат ва ниёзманд чароғҳои каммасраф ҳадя кунанд.

Чунин даъвате муддати ду ҳафтаи ахир тавассути имомхатибони Тоҷикистон дар намозҳои ҷамоъат ва панҷвақта садо додааст. Ба гуфтаи Маъруфуллоҳ Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ин иқдом бо ҳадафи таъмини фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба истифодаи чароғҳои каммасраф дар қаламрави кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

САДАҚА ВА ЧАРОҒҲОИ 6-СОМОНӢ

Шӯрои уламои Тоҷикистон иди Фитрро дар қаламрави ин кишвар рӯзи душанбеи 21 сентябр таъин карда ва садақаи ин идро ба сари ҳар як фарди мусалмон баробар ба 1,5 сомонӣ муқарарар кардааст. Ба ин тартиб сокинони кишвар метавонананд то чанд рӯзи дигар бо пули садақаи иди Фитр чароғҳои каммасраф харидорӣ ва ба афроди камбизоат ҳадя кунанд.

Албатта садақа додан хуб аст, лекин нархи як лампочка 6 сомонӣ аст ва садақаи иди Фитр 1,5 сомонӣ ...
Як марди пиронсол гуфт, «аз ҳама хуб ба одами бечора, нодор ва камбизоат пул диҳӣ, то вай худаш ҳар чӣ хоҳад харидорӣ кунад. Зеро вай мумкин ба пул бештар эҳтиёҷ дошта бошад. Шояд касалӣ дорад, шояд барои фарзандаш лозим аст ва чизи дигар».

Ҷавони 35 солаи дигар мегӯяд, «албатта садақа додан хуб аст, лекин нархи як лампочка 6 сомонӣ аст ва садақаи иди Фитр 1,5 сомонӣ. Магар мешавад бо ин нарх садақа кард. Ман фикр мекунам, ин ҳамаш маҷбурист ва масҷидҳо низ маҷбуранд мардумро ба ин ташвиқ кунанд».

ТАЪИНИ САДАҚА АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ


Дар ҳоле, ки бархе аз сокинони кишвар ин иқдоми Шӯрои уламоро навъе иҷрои супориши доираҳои манфиатдор дар тиҷорати «чароғҳои каммасраф» медонанд, аммо ин суол матраҳ аст, ки то чӣ ҳад иваз кардани садақаи иди Фитр ба чароғи каммасраф дар чорчӯби шариати исломист.

... дар ҳеҷ китобе дар мавриди ба лампаҳои каммасраф садақаро додан нест. Барои ин шахси муҷтаъид бояд бошад ва ҳукме содир кунад ...
Маъруфуллоҳ Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, «дар нишасте, ки 10 сентябр дар Шӯрои уламо бо ширкати тамоми имомхатибон баргузор шуд, ин масъала хеле ҷиддӣ баррасӣ шуд. Хулоса ин шуд, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам иваз кардани садақа ба чароғҳои каммасраф дуруст аст. Зеро ҳадаф шод кардани як фарди эҳтиёҷманд аст».

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ин иддао шакк дорад, «ин масъалаи нав аст. Ҳарчанд дар шариати исломӣ ва мазҳаби мо садақаро бо гандум, нахуд, ҷав, хурмо ва ин қабил додан ва ё ба пул иваз кардан вуҷуд дорад, аммо дар ҳеҷ китобе дар мавриди ба лампаҳои каммасраф садақаро додан нест. Барои ин шахси муҷтаъид бояд бошад ва ҳукме содир кунад. Ба ин далел дар шароити Тоҷикистон на Шӯрои уламо ва на ниҳоди дигар чунин масъулиятеро иҷро карда наметавонад».

МАНЪИ ЧАРОҒҲОИ "ИЛИЧӢ"


Идеяи гузариш ба чароғҳои каммасраф дар Тоҷикистон тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон дар 15 апрели соли ҷорӣ садо дод. Баъдан президент Раҳмон фармоне содир кард, ки аз авали моҳи октябр воридоти чароғҳои маъмулӣ ё, ба истилоҳ «иличӣ», ба Тоҷикистон мамнуъ хоҳад шуд.

Давлат сиёсати истифода аз чароғҳои каммасрафро ба манзури сарфаҷӯии нерӯи барқ дар қаламрави ин кишвар роҳандозӣ кардааст, Зеро тибқи гузоришҳои расмӣ камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон дар Тоҷикистон беш аз се миллиард киловот соатро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти давлати Тоҷикистон гузариши комил ба чароғҳои каммасраф имкон медиҳад ин миқдор нерӯи барқ сарфа шавад. Ин аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи иди Фитр ба 360 хонаводаи камбизоати шаҳри Душанбе ба андозаи 8 чароғи каммасраф ҳадя кардааст.

ЧАРОҒҲОИ ГАРОНБАҲО ВА МАРДУМИ КАМБИЗОАТ

Дуруст аст, ки президент Раҳмон чунин тавонеро хоҳад дошт, аммо бештари ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар вазъи фақр ва камбизоатӣ ба сар мебаранд, аз гаронии қиммати ин чароғҳо нигарон ҳастанд. Зеро нархи лампаҳои маъмулӣ дар дӯконҳо ва бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 25 то 50 сенти амрикоӣ бошад, аммо қиммати чароғҳои каммасраф, ки умдатан аз Чин ва Туркия вориди Тоҷикистон мешавад 1, 5 то 10 доллар ва аз он зиёдтар аст.

Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ва ё муодили 15 доллари омрикоиро ташкил медиҳад. Аммо инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки дар Аврупову Амрико ҳам барномаи гузариш ба чароғҳои каммасраф таҳия шуда, дар ҳоли иҷро қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG