Пайвандҳои дастрасӣ

Отахон Латифӣ дар хотироти ҳамкорон ва ҳамзамонҳояш чеҳраи бориз дар журналистикаву сиёсати Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Ӯро ягона рӯзноманигори тоҷик меноманд, ки дар сатҳи байнулмилал дар бораи Тоҷикистон менавишт ва мушкилоти онро дар баррасиҳои афкори умум матраҳ мекард.

Иброҳим Усмон, собиқ мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳоло устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон, мегӯяд, ду ҷанбаи шахсияти Латифӣ ӯро дар замони Шӯравӣ ба як чеҳраи нотакрор табдил дода буд:

«Аввал ин ки ӯ рӯзноманигори шӯравӣ буд. Дуввум, вай рӯзноманигори тоҷик, тоҷикпараст буд. Бо он вуҷуд, ки аз ҳизби коммунист рафт, аз ин маҳдуда ҳеҷ гоҳ хориҷ нашуд».

Дар сиёсат низ ҳамин гуна ғайриоддӣ ва нотакрор буд. Бо вуҷуди дар дойираи коммунистону исломиён ва демократҳо қарор қарор доштанаш, ҳамон тавре, ки буд, боқӣ монд: аз паси манофеъи гурӯҳӣ нарафат ва ҳеҷ гоҳ хилофи манофеъи миллаташ кор накард.

Дар сиёсат низ ҳамин гуна ғайриоддӣ ва нотакрор буд. Бо вуҷуди дар доираи коммунистону исломиён ва демократҳо қарор доштанаш, ҳамон тавре, ки буд, боқӣ монд: аз паси манофеи гурӯҳӣ нарафт ва хилофи мнофеи миллаташ кор накард ...
Отахон Латифӣ дар солҳои 60-и асри гузашта корманди рӯзномаҳои маъруфи дастгоҳи таблиғотии Шӯравӣ - «Комсомолская правда», «Правда» ва «Известия» - нашрияҳои Кумитаи ҷавонон, Ҳизби муқтадири коммунист ва Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Бахтиёр Муртазоев, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, вақте номи ӯ дар матбуоти Тоҷикистон пайдо шуд, ҳамагон фикр мекарданд, ки ӯ тоҷик нест. Вай меафзояд, «мақолаҳояшро мехондему фикр мекардем, шояд ягон афғон ё эронӣ бошад. Фамилияҳои -ову -ев буд, на ин гуна фамилияҳои тоҷикӣ. Баъд сохти шӯравӣ намегузошт».

Коршиносон мегӯянд, дастгоҳи таблиғотии Шӯравӣ фарҳанги миллиро таҳти фишор қарор дода буд, аммо Латифӣ бо иродаи қавӣ ва истеъдоди беҳамтояш бо ин дастгоҳ на фақат муқовимат кард, балки яке аз чеҳраҳои намоёни он буд.

Бахтиёр Муртазоев мегӯяд, Латифӣ дар пӯшиши ақидаҳои коммунистӣ мушкилоти миллиро дар сатҳи иттифоқ матраҳ мекард. Вай меафзояд, Латифӣ аз аввалин афроде буд, ки мушкили Сарез, як мушкили минтақаиро тавонист барҷаста ба Маскав фаҳмонад.

Оқои Муртазоев гуфт, «Латифӣ шахсан ба Сарез рафт. Вақте баргашт, лабу лунҷаш варам карда буд. Аммо хушбахт буд. Мақолаи «Памир без эмотсий»-ро навишту мо тарҷума кардем: Помир бидуни афсона. Баъд аз ин ӯро ба «Комсомолская правда» ба кор гирифтанд».

Иброҳим Усмон низ бо ишора ба нақши Латифӣ дар ҳалли мушкилоти Тоҷикистон дар сатҳи иттифоқ гуфт, «умумииттифоқ, ҳоло байнулмилалӣ аст. Имрӯз мо ин гуна рӯзноманигори байнулмилалӣ надорем. Ман онҳоеро, ки дар радиоҳои хориҷӣ кор мекунанд, дар назар надорам. Гап дар бораи ба забони дигарҳо гуфтану навиштан меравад. Агар мо бо забонҳои дигар нависем, фарз кардем арабӣ, англисӣ ва русӣ, ба аудиторияи дигаре бароем, ки 100-ҳо миллион нафарро дарбар гирад, мо хушбахтӣ, ҳам душвории миллати худро ба берун бароварда метавонем. Гуфта метавонем, тарафдор пайдо карда метавонем».

Отахон Латифӣ ҳамчун шахсияти маъруф дар Тоҷикистон дар интихоботи Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1989 ширкат кард, аммо аз рақиби русаш мағлуб шуд. Аммо ӯро соли 1990 ба муовинати сарвазири ҳукумати коммунистии Тоҷикистон таъин карданд ва аз ин мансаб соли 1991 истеъфо дод.

Авҷи фаъолиятҳои сиёсии Отахон Латифӣ ба даврони ғурбати ӯ дар сафи Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар солҳои 1993 ба 1997 рост меояд, ки дар ин муддат раҳбарии Маркази ҳамоҳангии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ-ро ба зимма дошт. Ҳамзамон дар музокироти сулҳи тоҷикон аз сӯйи муолифин ширкат мекард.

Иброҳим Усмон, низ ширкаткунандаи ин музокирот, вале аз ҷониби ҳукумат мегӯяд, Латифӣ дар ин равандҳо нерӯҳои демократиро муаррифӣ мекард.

Латифӣ дар ҳайати Кумиссиюни оштии миллӣ ба ватан баъд аз 5 соли ғурбат баргашт ва соли 1998 аз сӯйи як гурӯҳи ҷинояткор кушта шуд.

Ҳамқаламу ҳамзамонҳояш мегӯянд, Латифӣ зодаи хонадони оддӣ, аммо то охири умр шаҳомати ашрофона дошт. Дар сиёсат низ ҳамин гуна ғайриоддӣ ва нотакрор буд: Бо вуҷуди дар дойираи коммунистону исломиён ва демократҳо қарор қарор доштанаш, ҳамон тавре, ки буд, боқӣ монд: аз паси манофеи гурӯҳӣ нарафт ва ҳеҷ гоҳ хилофи манофеи миллаташ кор накард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG