Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари НАТО хостори густариши равобит бо Русия шуд


Андерс Фог Расмуссен, Дабири Кулли НАТО, хостори густариши ҳамкориҳои Паймони Атлантикаи Шимол ва Русия шуд. Зимни суханронӣ дар Брюссел, ки асосан ба равобит бо Русия бахшида шуд, Расмуссен, аз ҷумла, ба зарурати муқовимати муштарак ба таҳдидҳои аслии амнияти байнулмилалӣ таъкид кард. Ӯ ҳамчунин аз Маскав даъват намуд, ки болои Теҳрон барои даст кашиданаш аз барномаи ҳастаӣ фишор оварад. Дабири Кулли НАТО ҳамчунин аз эҳтимоли дар оянда муттаҳид кардани системҳои зидди ҳамлаи мушакии НАТО, ИМА ва Русия ҳадс зад.
Суханронии Андерс Фог Расмуссен як рӯз баъди он сурат гирифт, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз тасмими Кохи Сафед барои бознигарии барномаи мустақарсозии системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон хабар дод.
XS
SM
MD
LG