Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аун Сан Су Чӣ дар маҳбас боқӣ мемонад


Дар Мянмар ду хабарнигор ва чанд тан аз фаъолони мухолифин аз маҳбас раҳо карда шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории Франс Пресс, ҳукумати низомии Мянмар ахиран дар бораи афви беш аз 7 ҳазор нафар, аз ҷумла, чандин мунаққидони режим, амр содир кард. Ва аммо дар феҳрасти афвшудагон ному насаби раҳбари мухолифин ва барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Су Чӣ нест. Моҳи август додгоҳи Мянмар мӯҳлати ҳабси хонагии ӯро боз барои 18 моҳи дигар тамдид карда буд. Додгоҳ Сан Су Чиро дар нақзи шароити ҳабси хонагӣ айбдор намуд. Моҳи май як шаҳрванди Амрико, ки мушкили равонӣ доштааст, бидуни даъват вориди манзили Аун Сан Су Чӣ шуд. Ин амрикоӣ шинокунон кӯли назди хонаи Сан Су Чиро гузашта, вориди манзили ӯ шуда буд.
XS
SM
MD
LG