Пайвандҳои дастрасӣ

Ким Чен Ир: "Пхенян барои музокирот омода аст"


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир изҳор намуд, ки Пхенян ба музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба барномаи ҳастаияш омода аст. Ба иттилоъи хабаргузории чиноии "Синьхуа", мавзӯъи эҳёи музокироти шашҷониба (ИМА. Чин, Русия, Ҷопон ва Кореяҳои Ҷанубиву Шимолӣ) дар Пхенян, дар музокироти Ким Чен Ир ва фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Чин Дай Бинго баррасӣ шуд.
Кореяи Шимолӣ моҳи апрел, баъди аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид маҳкум шудани озмоиши мушаки дурпарвозаш, аз музокироти "шашгона" берун шуд. Чанд рӯз баъд аз ин тасмим, Пхенян ба эътирози ҷомеъаи ҷаҳонӣ нигаҳ накарда, озмоиши ҳастаӣ гузаронд.
Баъзе хабаргузориҳо изҳороти раҳбари Кореяи Шимолиро чун вокуниш ба лағви тасмими пешини ҳукумати Амрико барои бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо арзёбӣ кардаанд. Маъмурияти раисиҷумҳури собиқи ИМА Ҷорҷ Буш зарурати сипари зиддимушакиро бо таҳдиди мушакӣ аз сӯи Эрон ва Кореяи Шимолӣ пайванд дода буд.
XS
SM
MD
LG