Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод зарурати силоҳи ҳастаиро рад кард


I

I

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар мусоҳиба бо як телевизиони амрикоӣЭрон гуфт, кишвараш ба таслиҳоти ҳастаӣ зарурат надорад.

Аҳмадинажод гуфт, кишвараш ба таслиҳоти ҳастаӣ зарурат надорад, аммо дар оянда даст ба чунин таслиҳот ёфтани Эронро сароҳатан сарфи назар накард.

Ин изҳорот чанд ҳафта қабл аз шурӯъи музокироти Эрон бо гурӯҳи “5 ҷамъи 1” бар сари барномаҳои ҳастаии Теҳрон садо дод.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ин ҳафта гуфт, ки Эрон бояд дар нишасти рӯзи 1 октябр ба нигарониҳои бархоста бар сари ин барномаҳояш посух бидиҳад.

Бо ин ҳол, дирӯз Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ бо тардиди ахбори нашршуда дар матбуот гуфт, далоиле барномаҳои махфии ҳастаиро дунбол кардани Эронро дар даст надорад.
XS
SM
MD
LG