Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурди полис ва намоишгарон дар Теҳрон


Дар Теҳрон бархурди нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, беш аз даҳ тан аз мухолифин боздошт шуданд. Ҳамчунин хабар расид, ки ҷонибдорони раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ба яке аз раҳбарони мухолифин – раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Хотамӣ ҳамла кардаанд.
Имрӯз ҳазорон мухолифини ҳукумат дар гирдиҳамоиҳо бахшида ба Рӯзи Қудс – рӯзи ҳамдилӣ бо мардуми Фаластин ширкат доранд. Ин намоишҳо, бо фарқ аз тазоҳуроти густардаи мухолифин баъд аз интихоботи президентии рӯзи 12 июн, бо иҷозаи ҳукумат сурат мегирад. Хабаргузориҳо бо такя ба шоҳидон иттилоъ медиҳанд, ки намоишгарон дар маркази Теҳрон ҷамъ омадаанд ва бо вуҷуди ҳушдори мақомот, шиорҳои пуштибонӣ аз раҳбари мухолифин Миҳусейни Мусавӣ садо медиҳанд. Дирӯз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳушдор дода буд, ки аз ҳама гуна талошҳои истифодаи Рӯзи Қудс ба хотири эътирозҳои нав ҷилавгирӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG