Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиорҳои пуштибонӣ аз Мусавӣ дар Рӯзи Қудс


Дар Теҳрон ҳазорон ҷонибдорони мухолифин дар гирдиҳамоиҳо бахшида ба Рӯзи Қудс, рӯзи ҳамдилӣ бо мардуми Фаластин, ширкат мекунанд. Ин намоишҳо, бо фарқ аз тазоҳуроти густардаи мухолифин баъд аз интихоботи президентии рӯзи 12 июн, бо иҷозаи ҳукумат сурат мегирад. Хабаргузориҳо бо такя ба шоҳидон иттилоъ медиҳанд, ки намоишгарон дар маркази Теҳрон ҷамъ омадаанд ва шиорҳои пуштибонӣ аз раҳбари мухолифин Миҳусейни Мусавӣ садо медиҳанд. Рӯзи панҷшанбе Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон изҳор карда буд, ки аз ҳама гуна талошҳои истифодаи Рӯзи Қудс ба хотири эътирозҳои нав ҷилавгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG