Пайвандҳои дастрасӣ

Италия нерӯҳояшро аз Афғонистон берун хоҳад кард


Италия хостори ҳарчӣ зудтар берун кашидани нерӯҳояш аз Афғонистон шуд. Дар ин бора сарвазири кишвар Силвио Берлусконӣ хабар дод ва аммо афзуд, ки ҳама гуна тасмим др бораи будубоши минбаъдаи низомиёни италиявӣ дар хоки Афғонистон дар ҳамоҳангӣ бо дигар мамолики узви НАТО гирифта хоҳад шуд.
Сарвазири Италия гуфт, «мо ҳама мутмаинем, ки барои ҳар кас ҳарчӣ зудтар тарк намудани Афғонистон беҳтар аст. Қабл аз интихобот дар ин кишвар мо ҳузури худро тақвият бахшидем. Ман дар саммити ҳаштгона бо раисиҷумҳур Обама гуфтугӯ кардам ва мо тарҳеро омода мекунем, ки дар сурати беҳтар омода кардани нерӯҳои амниятии Афғонистон татбиқи онро метавон суръат бахшид».
Рӯзи панҷшанбе бар асари ҳамлаи террористӣ дар Кобул 16 нафар, аз ҷумла, 6 низомии италиявӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG