Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Се бозӣ рӯзи шанбе, 19-уми сентябр, дар як вақт, соати 16-у 30 дақиқаи вақти Душанбе, оғоз меёбанд. Дастаи мизбон - «Истиқлол» - дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ хоҳад кард. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Энергетик»-и Душанбе бозӣ мекунад. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо дастаи меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе қувва меозмояд.

Бозии охирини даври 12-ум рӯзи якшанбе, 20-уми сентябр, байни дастаи мизбон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - ва ССКА «Помир»-и Душанбе баргузор мешавад.

Вале дастаи «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода дар ин давр бидуни бозӣ соҳиби се имтиёз хоҳад шуд. Зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен - ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин муддаъиёни унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» - пешсафанд. Ҳарду 28-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд» дар ҷои аввал ва «Вахш» дар ҷои дуввум қарор доранд.

«Регар» ТадАЗ бо 23 имтиёз дар ҷои севум ва «Истиқлол» бо 20 имтиёз дар ҷои чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 19-уми сентябр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

11

9

1

1

25-7

28

2.

«Вахш»

11

9

1

1

22-10

28

3.

«Регар» ТадАЗ

11

7

2

2

19-9

23

4.

«Истиқлол»

11

6

2

3

20-14

20

5.

«Энергетик»

11

5

1

5

29-17

16

6.

«Равшан»

11

4

2

5

20-18

14

7.

«Парвоз»

11

3

4

4

14-14

13

8.

«Спитамен»

11

1

3

7

9-23

6

9.

«Гвардия»

11

1

2

8

5-36

5

10.

CСKA «Помир»

11

0

2

9

7-25

2


Беҳтарин голзанҳо:
Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») ва Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 10-голӣ, Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») – 8 гол.
XS
SM
MD
LG