Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳосили ғалла ба 1 000 000 тонна наздик шудааст


Кишоварзони Тоҷикистон то имрӯз 991 000 тонна маҳсулоти ғалладона ҷамъ овардаанд. Аз ин шумор наздики 700 000 тоннааш гандум будааст. Саидмурод Баҳриддинов, раиси идораи растанипарварии вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз идома дорад ва ӯ мутмаин ҳаст, ки ҳосили ғалладона дар кишвар имсол аз марзи 1 миллион тонна хоҳад гузашт. Соли гузашта дар Тоҷикистон 900 000 тонна ҳосили ғалладона ҷамъ шуда буд, ки беш аз 600 000 тоннаашро ҳосили гандум ташкил медод. Имсол дар кишвар дар майдони 253 000 гектар ғалла кишт шудааст.
XS
SM
MD
LG