Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳияти Гимпу аз сӯи додгоҳ таъйид шуд


Додгоҳи Қонуни асосии Молдова алорағми дархости ҳизби коммунист салоҳияти раиси парлумон Миҳай Гимпуро ба ҳайси кафили раёсати он ҷумҳурӣ таъйид кард.
Гимпу раиси эътилофи аҳзоби рӯ ба Аврупост, ки дар интихоботи моҳи июл бар ҳизби коммунист ғолиб омад.
Гимпу дар мақоми кафили раҳбарии Молдова раисиҷумҳури коммунист Владимир Воронинро иваз кард. Воронин ҳафтаи гузашта аз ин симат истеъфо дод.
Раисиҷумҳури нави Молдова бояд дар парлумон интихоб шавад, вале эътилофи рӯ ба Ғарб бо вуҷуди касби аксарият шумори барои интихоби номзадаш ба мақоми президентӣ кофиро дар ихтиёр надорад.
XS
SM
MD
LG