Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай мавридҳои тақаллубро "қисман" эътироф кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай эътироф кард, ки дар интихоботи рӯзи 20 августи раёсати ин ҷумҳурӣ бархе мақомот қисман ба фоидаи ӯ ва бархе ҳам ба нафъи рақиби аслии вай кор кардаанд. Аммо Карзай иддаоҳо дар бораи тақаллуби густарда дар интихоботро радд кард ва гуфт, андозаи дасткорӣ ва тахаллуф зиёд набуд.
Бар асоси шумориши муқаддамотии оро, Карзай бо касби беш аз 54 дарсади оро алакай дар даври аввал пирӯзиашро таъмин мекунад. Аммо ин натоиҷи эълоншуда то замони бозшумории натоиҷи раъйгирӣ дар тақрибан 10 дарсади ҳавзаҳо, ки бояд як куммиссиюни мустақили расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ анҷом диҳад, ниҳоӣ нест.
XS
SM
MD
LG