Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи пурқурбонии интиҳорӣ дар Кобул


Дирӯз ҳамлаи маргталабона дар Кобул, пойтахти Афғонистон 10 шаҳрванди ғайринизомии ин кишвар ва 6 сарбози Итолиёро кушта ба ҷо гузошт. ISAF, нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармони НАТО амал мекунад, таъйид кард, ки ин бомбгузорӣ як ҳайъати дидбонии ин нирӯҳоро ба ҳадаф доштааст. Вазорати дифоъи Итолиё дар Рум гуфт, бар асари ин таркиш боз 4 сарбози итолиёӣ ҷароҳат бардоштаанд. Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, дар инфиҷори сангини дирӯза дастикам 10 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Як сухангӯи Толибон аз номи ин гурӯҳи ситезаҷӯ масъулияти ҳамлаи хунини рӯзи панҷшанбе дар роҳ ба сӯи фурудгоҳи бузургтарини Кобулро бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG