Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи Ожонси атомӣ дар мавзӯъи Эрон


Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, далоиле надорад, ки барномаҳои махфии ҳастаиро дунбол кардани Эрон дар гузашта ва ё ҳозирро собит кунад.
Ин созмон дар як баёния ин хабарро ҳам радд кард, ки мегуфт, тибқи хулосаи Ожонси ҳастаӣ, Эрон дар роҳи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ қарор дорад. Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ изҳороти 9 рӯз пеши раҳбари собиқаш Муҳаммад Бародаиро такрор кардааст, ки ҳадсу гумонҳо дар мавриди шавоҳиди барномаи сохтани бомби ҳастаиро дунбол кардани Эронро “ҳомили ангезаҳои сиёсӣ ва бебунёд” номида буд.
XS
SM
MD
LG