Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Эрон дар Рӯзи Қудс ба майдон мерезанд


Мухолифини эронӣ тааҳҳуд супурдаанд, ки имрӯз дар Теҳрон дар раҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз фаластиниён иттифоқ ва нирӯи худро ба намоиш гузоранд. Мақомоти Эрон мухолифинро аз истифодаи Рӯзи Қудс ба манзури баргузории тазоҳурот алайҳи раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ҳушдор додаанд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳушдор дода, ки агар раҳпаймоӣ ба тазоҳуроти зидди давлат табдил шавад, “қотеъона” саркӯб хоҳад шуд. Аммо се раҳбари умдаи мухолифини Эрон – раисиҷумҳури пешин Муҳаммади Хотамӣ ва ду номзади шикастхӯрда дар интихоботи 12 июн - Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ гуфтаанд, ки дар раҳпаймоии имрӯза дар Теҳрон ширкат хоҳанд варзид.
XS
SM
MD
LG