Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико сипари зиддимушакиашро бозбинӣ мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ки Вошингтон ба хотири таъмини мудофиаи хубтари Амрикову муттаҳидинаш барномаи истиқрори ҷузъҳои сипари зиддимушакӣ дар Аврупои шарқиро бознигарӣ хоҳад кард. Обама, ки дар Кохи Сафед сӯҳбат мекард, афзуд, сиёсати ҷадид мудофиаи қавитару муҳкамтар ва сареътари Амрико ва муттаҳидинаш дар қораи Аврупоро ба ҳадаф дорад. Раисиҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳадафи сипари зиддимушакӣ ҳамоно Эрон аст, на Русия.
Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ба дунболи Обама дар Пентагон гуфт, марҳалаи аввали ин барнома дар соли 2011 дар шимол ва ҷануби Аврупо мустақар кардани киштиҳои муҷаҳҳаз бо шабакоти назорати мушакиро дар бар мегирад. Ин иқдом бар изофаи пойгоҳҳои мушакӣ дар Аврупои марказист.
XS
SM
MD
LG