Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бонки ҷаҳонӣ пиромуни асароти бӯҳрон


Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши наваш мегӯяд, дар иқтисоди ҷаҳон аломатҳои эҳё мушоҳида мешаванд, вале 43 кишвари фақиртарини ҷаҳон ҳамчунон аз асароти бӯҳрони саросарии молӣ ранҷ кашида, ба кӯмаки оҷил ниёз доранд.
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши вижае, ки дар остонаи нишасти сарони гурӯҳи Ҷӣ20 дар Питтсбурги Амрико нашр шуд, менависад, бар асари бӯҳрон соли оянда шумори мардуме, ки зери хатти фақр, яъне бо камтар аз 1 доллару 25 сент даромади рӯзона ба сар мебаранд, ба 89 миллион нафар хоҳад расид. Дар кишварҳои фақир чунин соҳоти ҳаётан муҳим, ба мисли ҳифзи сиҳҳат, рушди зербино, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ, зери хатар қарор гирифтаанд ва ислоҳи вазъ дар ин соҳот 11,6 миллиард доллар кӯмаки молиро тақозо мекунад.
Бонки ҷаҳонӣ се кишвари шӯравии собиқ – Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои фақир ва мӯҳтоҷи кӯмакҳои байналмилалӣ ҷой додааст.
XS
SM
MD
LG