Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе пойгоҳи Русияро берун карданӣ нест


Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабарҳои мунташиршуда дар бораи эҳтимоли хуруҷи пойгоҳи низомии Русия аз Тоҷикистонро қатъиян радд кардааст. Генерал-лейтенант Рамил Нодиров, фармондеҳи ситоди артиши Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, кишвараш ҳеҷ гоҳ масъалаи хуруҷи пойгоҳи низомии Русияро нагузоштааст ва ҳам нахоҳад гузошт. Генерал Нодиров, ки дар Душанбе дар расми оғози тамриноти нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекард, сарусадоҳо дар мавриди дар баҳои истифодаи қаламраваш аз пойгоҳи Русия 300 миллион доллар пули иҷора хостани Тоҷикистонро низ бепоя номид. Дар ин машқҳо, ки то 25 сентябр идома хоҳанд ёфт, қарор аст, шеваҳои муқобила ба ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳҳои террористии хориҷиро тамрин кунанд.
XS
SM
MD
LG