Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо Мастона Эргашева


Овозхони саршинос, оҳангсоз ва устоди мақомсароёни ҷавон -- Мастона Эргашева имрӯз меҳмони барномаи мусиқии радиои Озодӣ аст.

Хонум Мастона, ки инак шаш соли охир омӯзгори мусиқии суннатӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон аст, вақтҳои охир асосан бо тарбияи шогирдон – мақомсароёни ояндаи кишвар машғул аст.

Шогирдони имрӯзаи ӯ аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва ҳам аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбакистон, вилояти Сурхондарё ба таҳсил меоянд. Сӯҳбати мо бо ин устоди ҳунар ҳам аз синфхонаи дарсии консерватория шурӯъ шуд:

Мастона: “Имсол ман ду хатмкунанда дорам, ки ҳам мақомсаро ва ҳам мутриб ҳастанд. Инҳо аз вилояти Суғд мебошанд – Элбек Туйғунов ва Абдурасул Исмоилов. Танбӯру дутор, асбобҳои миллии қадимаи моро хуб менавозанд”.

Озодӣ: Чаро шуморо ҳаводорону тарафдоронатон вақтҳои охир дар саҳна кам мебинанд

Мастона: “Ин мушоҳида дуруст аст. Ман аз он системае, ки ман қаблан кор карда ҳар моҳ ду-се суруди нав сабт мекардам ва баъд бо ҳамон сурудҳо дар телевизион баромад мекардам, рафтам. Ман ҳоло ба кори тарбияву таълим гузаштам ва он имкониятҳои пешинаамро аз даст додам. Ин ҷо кори мо хеле зиёд аст ва ман аз ин ҷо зиёд берун шуда ҳам наметавонам. Чаро ман аз радио рафтам? Соли 2003-юм собиқаи кори ман дар радио ба 25 сол расид ва ман баъди ин мӯҳлат тибқи қоидаи кори ҳунармандон бояд кори худро дигар мекардам”.

Озодӣ: Бале, ингуна қоида ҳанӯз замони шӯравӣ ҳам буд, ки масалан раққосаҳо, коргарони балет бояд баъди мӯҳлати муайяни кор ба нафақа мебаромаданд. Аммо шумо фикр намекунед, ки барои як эҷодкори воқеӣ, ки маҳбуби халқ асту садояшро бисёриҳо ёд мекунанд, бояд ин муқарраротро шикаста худ бо мардум рӯбарӯ шавад, оҳангҳои нави худро муаррифӣ кунад.

Мастона: “Дуруст мегӯед. Манзури ман ин аст, ки ҳарчанд ҳам ҳоло ман дар системаи тарбия кор мекунам, саҳнаро тарк накардам. Ҳар вақте ки маро ба телевизион даъват кунанд, меравам. Соли 2007 ман 55-сола шудам ва рӯзи 26 октябр дар зодрӯзам дар толори Ҷомӣ як консерти калоне барпо кардам, ки дар он ҳама оҳангҳои навро ба таври зинда, бе фонограмма хондам. Он рӯз ҳама шогирдҳоямро, ки дар консерватория зери дасти ман мехонанд, ба саҳна баровардам. Дар консерватория инчунин мо ҳар сол консертҳои синфӣ ташкил мекунем. Аммо аз чӣ бошад, ки моро омада ба навор намегиранд, дар радио сабт намекунанд. Ман ҳайрон, ки чаро ин тавр мешавад. Ман ба нафақа баромада аммо як рӯз ҳам дар хона нанишастам, пайваста кор мекунам”.

Озодӣ: Худо ба шумо қувват бидиҳад.

Мастона: “Ташаккур. Ман мехостам ҳама суруду оҳангҳоеро, ки дар дилам, дар вуҷудам дорам, ба шогирдонам бидиҳам ва вақте корношоям шудам, рафта дар хона шинам”.

Озодӣ: Вақте шумо китоби калони эҷодии ҳаёти худро варақгардон мекунед, кадом марҳилаи кори худро ҳамчун як давраи азизтарини худ ёд мекунед?

Мастона: “25 соле, ки ман дар Кумитаи радиову телевизион, дар ансамбли “Шашмақом” фаъолият кардам, ҳамон солҳоро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам, чунки мо имконияти бениҳоят зиёд доштем – барои суруд хондан, оҳанг эҷод кардан, барои ба халқ маълум шудан шароит бисёр хуб буд. Дар ҳамин муддати 25 сол, бовар кунед, ман қариб дар 25 мамлакати ҷаҳон будам, бо сафарҳои ҳунарӣ баромад кардам. Афсӯс, ки ман воҳимаю худнамоиро нағз намебинам, ба касе чизе нагуфта кори худро идома медиҳам. Ҳеҷ кас намепурсад ва ман ҳам намегӯям. Ҳоло, ки шумо пурсидед, ман ба ин саволи шумо ҷавоб додам”.

Озодӣ: Шумо имрӯз ҳам оҳангсозӣ мекунед?

Мастона: “Бале. Қариб 20-25 оҳанг навиштаам, ки баъзеашро худам, дигарашро бо апаи Нигина Рауфова иҷро кардем. “Таронаи занон”-е дорам, ки онро бо созҳои миллӣ сенафара – ҳамроҳи ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова ва Нигина Рауфова иҷро кардем. Дар ин охирҳо ман оҳанги зиёд эҷод кардам, вале имконияти сабти онҳо дар студияҳои касбӣ пеш наомадааст, мутаассифона. Дар ҳамон шаби эҷодиам соли 2007 ман ҳама сурудҳои нави худро, ки дар бойгонии мусиқии радио нестанд, иҷро кардам. 18 суруд хондам, ягонтои он дар бойгонии радио нест. Он консертро як бор аз телевизион намоиш доданду тамом”.

Озодӣ: Яке аз маъруфтарин таронаҳое, ки шумо навиштеду аз забони Сабоҳат маъруф шудааст, “Вафо” ном дорад. Шумо таърихчаи эҷоди ин сурудро нақл мекунед?

Мастона: “Бале. Солҳои 1989-1990 буд. Ман ин шеърро аз китоби Гулрухсор азхуд карда будам ва номи он дар китоб “Ғолибии хастаҷон” аст. Дар давоми ду сол ин шеър дар даруни ман, дар дунёи ботинии ман чарх мезад, мисли лентаи кино, бо оҳангаш чарх мезад. Бо Сабоҳат дар як ансамбл кор мекардему як рӯз гуфт: “Устод, ба ман як суруди нав диҳед, ки каме зиқ шудам. Ман як суруди шуморо хонам”. Баъд ман назди пианино нишастаму ин сурудро хондам, ба вай маъқул шуд. Баъд худаш хонд ва ҳамин хел буд таърихи пайдоиши ин суруд”.

Озодӣ: Шумо бо дугонаҳои худ, бо ҳамкорҳои худ рафтуомадро идома медиҳед?

Мастона: “Албатта. Мо ду-се соли пеш дар барномаи занон, ки телевизиони “Сафина” ташкил карда буд, дар хонаи яке аз дугонаҳоямон нишаста ҳама якҷоя сурудҳо хондем. Мо – апаи Нигинаву Нуқраю Маҳбуба Боҳирова – ҳама байни худ рафту омад дорему дар зодрӯзи ҳамдигар ҳатман якдигарро табрик мекунем. Ҳеҷ алоқаи мо канда нашудааст, дӯстии мо давом дорад”.

Озодӣ: Вақте ба эҷодиёти овозхонҳои ҷавон нигоҳ мекунед – ҳам дар саҳнаи эстрада ва ҳам оҳангҳои суннатӣ - чӣ баҳо медиҳед?

Мастона: “Аслан овозхони хубро ҳама мешиносад. Овозхонҳое ҳам ҳастанд, ки имрӯз ҳастанду фардо не. Ман ҳамеша дар мусоҳибаҳоям мегӯям, ки ба эҷодиёти ҷавонҳои ҳунарманди имрӯза бо назари интиқодӣ менигарам ва рӯирост ба ҳамаашон мегӯям, ки ин кори бисёр ҷиддӣ аст ва шумо бояд ҷиддӣ рафтор кунед, шеърҳои сабук нахонед, ки имрӯз ҳасту пагоҳ фаромӯш мешавад. Агар шумо дар ин ҷода мақому пояи худро пайдо карданӣ бошед, бисёр меҳнат кунед, бисёр заҳмат кашед, бисёр ранҷ бояд кашид, ки ҷавҳар пайдо кунед”.

Озодӣ: Ба фикри шумо аз овозхонҳои имрӯза кӣ ояндаи хуби эҷодӣ дошта метавонад, яъне кадоме аз онҳо ҳамон ҷавҳари дурахшони ҳунарманди асилро дорад?

Мастона: “Дар “Шашмақом” аз ҷавонҳо Ҷамшед Эргашев, ки Академияи мақомро хатм кардааст, хуб аст, Хуршед Иброҳимовро дар ин поя мебинам. Инҳо овозхонҳои хубанд. Аз жанри эстрада бошад, Шабнами Сураё ҳам ба ҳайси овозхон хуб аст ва ҳам чеҳраи хеле зебо дорад. Ӯву Ҷонибек дар дуэт оҳангҳои хуб иҷро карданд. Вале агар Шабнами Сураёву Ҷонибек, ки имкониятҳои хеле зиёд доранд, рӯ ба сурудҳои тоҷикӣ меоварданд, хубтар мешуд”.

Озодӣ: Яъне манзури шумо иҷрои оҳангҳои маъруфи афғониву эронӣ аст?

Мастона: “Бале, яъне оҳангҳои ватанӣ, меҳанӣ хонанд. Онҳоро имрӯз аз ҳафт то ҳафтодсола ҳама гӯш мекунанду дӯст медоранд. Ман гуфтаниам, ки “акнун биёед, сурудҳои худро хонед, шумо машҳур шудед, чизе, ки хонед, ҳама гӯш мекунанд. Аз фурсат истифода бурда сурудҳои тоҷикиро хонед” – гуфтаниам ман”.

Озодӣ: Аммо шумо фикр намекунед, ки ин ҷо масъала дар дигар шудани замонаву талаботи зиндагӣ аст. Даврае, ки шумо кору фаъолият мекардед, кишвар баста буд ва шумову ҳамкасбони дигари насли шумо танҳо барои шунавандаҳои дохилии кишвар эҷод мекардед. Ҳоло тақозои замон дигар шудааст. Марзҳо боз шуда овозхонҳо имкони сафар ва иҷрои консертҳои ҳунариро барои шунавандаҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги мо дар хориҷа – ҳамон афғонҳову эрониҳо дар Аврупову Амрико пайдо карданд, яъне имконияте, ки шумо надоштед. Аз ин хотир овозхонҳои имрӯза ҳам бояд бо ин талабот мутобиқат кунанд.

Мастона: “Гапи шумо сад фоиз дуруст аст. Мо дар давраи дигар кору фаъолият кардем, ҳама дарҳо баста буд. Овозхонҳои мо сурудҳои афғониву эрониро мехонанд, оҳангҳои арабиву ҳиндию туркиро гирифта болояш матни тоҷикӣ гузошта мехонанд. Ман фикр мекунам, ки ба ҳар ҳол ҳар шаҳрванд, ҳар шахс дар кадом ҷода, ки кор накунад, бояд пеш аз ҳама арзишҳои миллати худро ба ҷаҳониён намоиш диҳад. Намедонам, маро чӣ хел мефаҳмида бошанд, аммо ман дар давраи шӯравӣ ҳам инро мегуфтаму ҳоло ҳам мегӯям. Имрӯз замона дигар шудааст, имкониятҳо нав шуданд, ҷаҳонбинии ҳама пешрафтаву дигар шудааст, мардум оламро шинохтанд. Вале ман фикр мекунам, ки дар кадом замон зиндагӣ накунем, дар кадом ҳолат набошем, ман тарафдори ин ки аввал ҳама арзишҳои ватании худро нишон диҳанду баъд панҷа ба дигар сурудҳо занад. Ман ҳам дар давраи шӯравӣ сурудҳои афғонӣ мехондам, сурудҳои Аҳмад Зоҳирро ман то имрӯз мехонам. Сурудҳои Гугушро бисёр дӯст медоштам. Агар бовар кунед, ба Аҳмад Зоҳиру Гугуш чунон дода шудам будам, ки ҳеҷ як суруди дигарро гӯш карда наметавонистам, мисли девона шуда будам. Лекин фақат бо сурудҳои Аҳмад Зоҳиру Гугуш намешавад, сурудҳои тоҷикӣ ҳам хондан даркор аст”.

Озодӣ: Бо шумо розиям.

Мастона: “Хеле муҳим аст, ки ҷавонҳои мо овозхонҳои касбӣ шаванд. Як чизи дигарро мехоҳам таъкид кунам, ки овозхонҳои ҷавон бояд бо оҳангсозон ҳамкорӣ кунанд, то ки ба марҳилаи касбии ҳунар даст ёбанд. Ман бо Шарофиддин Сайфиддинов, Фаттоҳ Одина, Қудратулло Яҳёев, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ зиёд кор кардам ва онҳо барои ташаккули ҳунарии ман ва дигар овозхонҳо хеле кӯмак карданд.”

КОРНОМАИ МАСТОНА ЭРГАШЕВА

26 октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ бо овозхониву рубобнавозӣ машғул шудааст. Мулоқот бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова соли 1967 дар мавсими пахтачинӣ, ки донишҷӯи техникуми омӯзгорӣ будааст, барои ташаккули ҳунарии хонум Мастона нақши муҳим бозидааст: аввалин оҳанги эҷодкардаи Мастона ба шеъри Санавбар Соҳибова “Агар ёри ситамгорӣ” аз ҷониби адибони давр баҳои баланд гирифт.

Бо мусоидати баъдии Гулназар Келдӣ ин оҳанг дар барномаҳои “Ҷавонӣ”-и радиои давлатии Тоҷикистон пахш шуд ва исми овозхони 15-сола Мастона Эргашеваро шинохта кард. Соле баъд кормандони радио ба Қумсангир рафта 10-15 таронаро дар иҷрои Мастона сабт ва онҳоро дар радио пахш карданд. Ҳамин муваффақиятҳои эҷодӣ ба хонум Мастона баъдан барои дохил шудан ба факултаи санъати донишгоҳи педагогии Душанбе мусоидат кард. Соли 1973 курси Мастона Эргашева аввалин хатмкунандаҳои Донишгоҳи санъати Тоҷикистон шуд.

Аз устодони ҳунар Шоиста Муллоҷонова, Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Боҳмуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, София Бадалбоева, Алиҷон Солеҳов асрори “Шашмақом” ва дигар мусиқии суннатиро омӯхтааст.

Фаъолияти аслии ҳунарии ӯ дар ансамбли “Шашмақом”-и радиои давлатии Тоҷикистон ҷараён гирифтааст. Ӯ соҳиби унвонҳои Ҳунарманди хизматнишондода ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст. Муаллифи чандин оҳанги маъруф, аз ҷумла “Бахти ҷовидон” (шеъри М. Турсунзода), “Таронаи занон” (шеъри Ф. Ансорӣ, дар ҳамовозӣ бо Нуқра Раҳматова ва Нигина Рауфова иҷро шудааст), “Зинда бод” (шеъри Лоиқ), “Вафо” (матн аз Гулрухсор) аст.

Аз шоҳасарҳои “Шашмақом” - “Сарахбори ороми ҷон” (ғазали Ҳофиз, аз мақоми дугоҳ), “Наврӯзи сабо” (аз мақоми рост), “Сарахбори наво” (бар ғазали Амирӣ)-ро бо касбияти баланд иҷро кардааст.
XS
SM
MD
LG