Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Каъба чӣ равӣ, дилеро ба даст ор...”


Давлат Камолов, як сокини ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб, ки ба тавофи хонаи Каъба омодагӣ медид, ҳамакнун ба мақсади хайр аз ин тасмими худ даст кашидааст.

Ҳошим Абдулҳақов, раиси ҷамоати мазкур мегӯяд, Камолов ба маблағи барои сафар таҳиянамудаи хеш, ки 26 000 сомониро ташкил медод, барои талабагони 8 мактаб лавозимоти мактабӣ харидорӣ намудааст. Ба гуфтаи ӯ, инчунин ин сокини ҷамоат дар маркази деҳоти атроф як пойгоҳи обкашонӣ, ки барои мардум хеле зарур буд, бунёд намудааст. Ҷаноби Абдулҳақов мегӯяд, ҳамакнун тасмим гирифтаанд, то ин ибтикорро миёни дигарон низ тарғиб намоянд.

Дар ҳамин ҳол Давлат Камолов зимни як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, садақааш дар роҳи ҳақ буда, қобили ситоиш нест, аз ин рӯ ӯ намехоҳад, исми ӯро ҳар ҷое, ки хоҳанд, мисол биёранд. Бад ин хотир аз сӯҳбат бо мо низ худдорӣ варзид.

Аммо уламои ислом аз ин иқдом изҳори хурсандӣ намуданд. Исмоил Раҳматов, як рӯҳонии муқими Кӯлоб мегӯяд, ҳарчанд тавофи хонаи Каъба бо пайдо шудани имконот барои бандагони Худо фарз гардонида шудааст, аммо харҷи ин сафарро ба бенавоён қисмат кардан низ назди Худованд савоби баланд дорад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоти зиёди мардум имрӯз ба назар мерасад, ки як нафар барои чанд бор тавофи Каъба мекунад, дар ҳоле, ки Худованд як бори онро фарз гардонидааст.

Аммо коршиноси маҳаллӣ Баҳриддин Сангимадов мегӯяд, дар Тоҷикистон анъана шудааст, ки вақте раисҷумҳур дар ҳар мавриде сӯҳбат мекунад, баъд аз он, дар зудтарин фурсат бархе тамалуқкорона ба хотири худнамоишдиҳӣ аз пешниҳоди ӯ дастгирӣ менамоянд. Вай мегӯяд, дастгирӣ аз иқдоми раисиҷумҳур дар бархе маврид ба манфиатҷӯӣ ҳам мубадал гаштааст.

Дастгирӣ ба истилоҳ аз ҳамин пешниҳоди раис ҷумҳури кишвар дар Кӯлоб барои аввалин бор аст. Ҳоли ҳозир барои сафари Каъба аз шаҳру навоҳии Кӯлоб 112 нафар аснод омода мекунанд, ки аз ин миён наздики панҷоҳ нафар барои дувуму савум бор тасмими сафар доранд.

Нигоҳи мухталиф ба иқдоми неки Ҳоҷӣ Ҳошим саволеро ба миён меорад, ки оё маънии "хайр" дар байни мардум дуруст дарк мешавад. Ба ҳар ҳол оё Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
XS
SM
MD
LG