Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоии Тоҷикистон ва мушкилоти он


Пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсиюни байналмилалии Кейптаун роҳро барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба арсаи ҳавонавардии ин кишвар ҳамвор хоҳад кард.

Ин матлаб 17 сентябр зимни конфаронси байналмилалӣ дар мавзӯъи «Маблағгузорӣ барои рушди соҳаи ҳавонавардӣ»дар шаҳри Душанбе бо ширкати масъулони давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва раҳбарони ширкатҳои ҳавонавардии ватанию хориҷӣ баргузор шуд, мушкилоти арсаи ҳавонавардии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя барои ин соҳаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ин конвенсиюн моҳи ноябри соли 2001 дар Африқои Ҷанубӣ тасвиб шуда, 26 кишвари ҷаҳон шомили он ҳастанд.

Аммо то ҳол кишварҳои Осиёи Марказӣ ба узвияти ин конвенсиюн пазируфта нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин ҳамоиш набуди маблағи кофӣ барои рушди соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон аз мушкилоти асосӣ хонда шуд.

Таҳлили ин арса низ собит кардааст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар хадамот барои мусофирони хеш умдатан аз ҳавопаймоҳои сохти русӣ, ки аз солҳои 70 –уми даврони Шӯравии пешин боқӣ мондаанд, истифода мекунанд. Ҳарчанд дар чанд соли ахир ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон тавонистаанд 7 адад ҳавопаймои тамғаи Боингро харидорӣ кунанд.

Аммо мутахассисон мегӯянд, ин ҳавопаймоҳо низ пас аз мавриди истифода, вориди Тоҷикистон шудаанд. Ин аст, ки мушкилот дар арсаи ҳавонавардии Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадюсуфи Шодӣ, як масъули Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки низоми ҳавонавардии Тоҷикистон мушкилоти ҷиддие надорад: «он мушкилоте ки дар соҳа вуҷуд дошт, қариб ки рафъ шудааст. Масалан, чанд сол қабл, харидани ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг хеле мушкил буд, ки баъдан харидорӣ шуданд. Конфаронси имрӯза низ имкон хоҳад дод, то мавзӯъи сармоягузорӣ ба ин соҳа баррасӣ шавад. Дар ин сурат ширкатҳои бонуфузи ҳавонавардӣ метавонанд ба ҳавонавардии Тоҷикистон сармоя ворид кунанд».

Аммо Ҷамшед Раҳмонбердиев, раиси кулли ширкати «Сомон капитал» набуди маблағи кофиро аз мушкилоти аслии соҳаи ҳавонавардӣ дар Тоҷикистон медонад: «Дастрасӣ ба манобеъи молӣ аз душвориҳои асосии системаи ҳавонавардии Тоҷикистон аст. Зеро захираҳои дохилии Тоҷикистон барои рушди ҳар чӣ бештари ин соҳа кифоят намекунад. Албатта пайвастани Тоҷикистон ба конвенсиюни байналмилалии Кейптаун имкон хоҳад дод, то сармоягузорӣ ба соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон беҳбуд ёбад."

Оқои Раҳмонбердиев мегӯяд, узвият ба ин конвенсиюн кафолатҳоеро барои Тоҷикистон ба хотири бастани қарордодҳои байналмилалӣ бо ширкатҳои хориҷии ҳавонавардӣ дар ҷиҳати дастрасии ҳавопаймоҳо бо имтиёзот, дарёфти эътиборот бо баҳраи кам ва аз ин тариқ ҷалби бештари сармояи хориҷӣ фароҳам меорад.

Ин дар ҳолест, ки акнун ширкати ҳавонавардии «Boing Capital» омодааст, дар асосии лизинг ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳавопаймо бидиҳад. Мгер Папиан, намояндаи ин ширкат мегӯяд: «ҳама ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ метавонанд аз «Boing Capital» ҳавопаймоҳо бихаранд.

Қарордоди ҳамкорӣ дар ин замина вуҷуд дорад ва мо омодаем тариқи лизинги молӣ ба Тоҷикистон ҳавопаймо бидиҳем. Чун ширкати «Тоҷикэйр» ва «Сомонэйр» аз ширкати мо ҳавопаймоҳои Боингро ба ин шева харидорӣ кардаанд».

Ҳамакнун дар Тоҷикистон се ширкати хусусии ҳавопаймоии фаъол аст, ки Тоҷикэйр», «Сомонэйр» ва «Истэйр» аз ин қабил аст. Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолияти ин теъдод аз ширкатҳоро барои ин кишвари кӯчак назаррас медонанд.

Ҷамшед Раҳмонбердиев, раиси кулли ширкати «Сомон капитал» ҷонибдори ба маротиб бештар шудани теъдоди ширкатҳои хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст: «Афзоиши теъдоди ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон боиси рақобатпазирии онҳо хоҳад шуд, ки имкон хоҳад дод, то хадамот дар ин соҳа беҳбуд ёбад ва ҳамзамон хароҷотҳо кам гардад. Дар гузашта танҳо як ширкати давлатии ҳавопаймоӣ дар буд. Ҳамакнун ду ширкати дигари хусуси низ вориди бозор шудааст, ки то андозае хадамот беҳбуд хоҳад ёфт.»

Он чи мояи нигаронии мусофирони ҳавопаймоҳои Тоҷикистон шудааст, боло будани қимати билети ҳавопаймоҳо, ба мавқеъ дарёфт нашудани бору ҷомадони онҳо ва поин будани хадамот ба ҳангоми парвоз аст, ки сабаби асосӣ дар камии теъдоди ширкатҳои хусусии ҳавопаймоӣ ва набуди рақобати солим дар миёни ин ширкатҳо унвон мешавад.

Масъулони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон низ дар конфаронси имрӯз эълом кардаанд, ки хоҳони ҳузури бештари ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ин ин кишвар ҳастанд. Ҳарчанд онҳо мушкилоти молиро монеае дар ин замина медонанд.

Аммо Раҳматулло Валиев, коршиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки вуҷуди монополия, ба хусус аз тарафи як гурӯҳи таҳти ҳимояти давлатро садди чинӣ дар роҳи рушди ширкатҳои хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст: «монополия аз сӯи як гурӯҳ наметавонад рақобати солимеро ба вуҷуд биёварад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон кумитаи зидди монополӣ фаъолият мекунад, аммо алайҳи ин гурӯҳ, ки ҳимояти давлатро дорад, коре карда наметавонад.»

Ба гуфтаи ин соҳибназари тоҷик вуҷуди монополияи давлатӣ он қадар реша давондааст, ки ҳатто бархе аз ширкатҳои бонуфузи ҳавопаймоии хориҷӣ бо вуҷуди талошҳои зиёде натавонистаанд вориди бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон шаванд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон 18 ширкати хориҷӣ фаъол аст. Аммо фаъолияти ин ширкатҳо ҳокист, ки бештарини онҳо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG