Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйир дар тарҳи сипари зиддимушакӣ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама эълом дошт, ки кишвараш барномаи мустақарсозии ситеми зидди ҳамлаи мушакӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистонро бознигарӣ кардааст.

Зимни суханронӣ дар Вошингтон Обама хабар дод, ки Вошингтон барномаи нави зидди ҳамлаи мушакиро рӯи даст дорад, ки амнияти Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояшро беҳтар таъмин хоҳад кард: «Ман тавсияҳои муштараки вазири дифоъ ва Кумитаи муттаҳидаи раҳбарони ситодҳоро пазируфтам, ки барои таҳкими дифоъи Иёлоти Муттаҳида аз ҳамлаҳои эҳтимолии мушакӣ равона шудаанд. Роҳи нави пешгирифтаи мо - бунёди системи зидди ҳамлаи мушакиеро дар назар дорад, ки нисбати барномаи соли 2007 таҳияшудаи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупо, ҳимояти қавитар аз ин гуна ҳамларо таъмин мекунад».

Обама гуфт, ки субҳи имрӯз бо кафили сарвазири Ҷумҳурии Чех Ян Фишер ва сарвазири Лаҳистон Доналд Туск дар тамос шуда онҳоро аз тасмими бознигарии бунёди сипари мушакӣ дар ин ду кишвар огаҳ кардааст. Раисиҷумҳури Амрико афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ бо ин кишварҳои дӯст -Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистонро идома медиҳад, ки ризоят дода буданд то бахшҳои сипарӣ мушакӣ дар қаламравашон ҷойгир шаванд.

Ҳамзамон раисиҷумҳури Амрико бори дигар ишора кард, ки ҳама нигарониҳои Русия дар мавриди бунёди сипарии мушакии Амрико дар Аврупо бепояву бунёд буданд: «Мо ҳамчунин чандин бор ба Русия паёми рушан додем, ки нигаронияҳояш аз барномаҳои пешини дифоъ аз ҳамлаҳои мушакии мо бепояанд. Тамаркузи рушан ва пайвастаи мо таҳдид аз барномаи мушакҳои дурпарвози Эрон буд ва мо имрӯз эълом медорем, ки ҳанӯз ҳам дар маркази барномаи мо қарор дорад».

Рӯзномаи «Wall Street Journal» рӯзи панҷшанбе хабар дода буд, ки ҳайатҳои расмии Амрико барои ташреҳи тасмим ва вазъи ба вуқӯъпайваста ба Прага ва Варшава сафар мекунанд. Нашрия бо такя ба манобеъи худ дар Кохи Сафед навиштааст, бознигарии тасмими ҳукумати Буш бо он марбут аст, ки раванди сохтани мушакҳои дурпарвоз аз сӯи Эрон назар ба пиндор зайъифтар аст ва аз ин рӯ таҳдиди хатар ба Аврупо низ чандон бузург нест.

Ба навиштаи «Wall Street Journal», ҳайатҳои расмии Вошингтон мақомоти Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистонро мутмаин хоҳанд сохт, ки дар сурати аз сӯи Теҳрон фаъол шудани раванди сохтани мушакҳои дурпарвоз, Иёлоти Муттаҳида тарҳи бунёди сипари мушакӣ дар Аврупоро дубора рӯи даст мегирад.

Дар ҳамин ҳол нашрияи «Newsweek» низ бо такя ба ду манбаъи мӯътамади худ дар ҳукумати Обама навиштааст, ки тибқи иттилоъи хадамоти кашфи Амрико Эрон коркарди силоҳи ҳастаиро дубора шурӯъ накардааст. Дар ин бора, ба иттилоъи маҷалла, мақомоти Хадамоти кашф ба Кохи Сафед гузориш додаанд ва ҳадс зада мешавад, ки ин гузориш низ дар тасмимгирии Кохи Сафед нақши муҳим бозидааст.

Мақомоти Русия, ки аз ибтидо мухолифи ҷойгиршавии системи зидди ҳамлаи мушакии Амрико дар Аврупо буданд, то ҳанӯз ба тасмими ҳукумати Барак Обама вокунише накардаанд – намояндаи вазорати хориҷаи кишвар эълом дошт, ки изҳороти Маскав ба думболи изҳороти расмии мақомоти Амрико пахш хоҳад шуд.

Тасмими маъмурияти Ҷорҷ Буш барои бунёди сипари мушакии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон боиси таниш миёни Вошингтон ва Маскав шуда буд – Кремл эълом дошт, ки ин системи зиддимушакӣ на алайҳи ҳамла аз сӯи Эрон ва Кореяи Шимолӣ, тавре Кохи Сафед эълом дошта буд, балки зидди Русия равона шудааст. Маскав ҳамчунин изҳор намуд, ки бунёди сипари мушакӣ тавозуни нерӯҳо дар минтақаро ба ҳам мезанад, аз ин рӯ маҷбур аст, ки дар марзҳои ғарбияш, аз ҷумла, дар вилояти Калиниград мушакҳои нави «Искандар»-ро ҷойгир кунад.

XS
SM
MD
LG