Пайвандҳои дастрасӣ

Ростӣ, муддатҳо пеш мехостам, бо хонум Мастона Эргашева як мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом диҳам, аҳволпурсӣ кунам, чунки хеле вақт аз он кас хабаре надоштам.

Масъала ин ки дар кори ҳаррӯзаи худ мо маъмулан бо чеҳраҳои хабарсоз, яъне агар роҷеъ ба фарҳанг гӯем - овозхонҳову ҳунармандоне ҳамсӯҳбат мешавем, ки дар ин ё он ҷо консерт ташкил мекунанд, оҳанги наве эҷод мекунанд ва ё сафари пурсару садои ҳунарие ба хориҷ анҷом медиҳнад. Аммо дар ин байн мо аз шахсиятҳои барҷастаи ҳунари миллӣ, аз устодону эҷодкорони номӣ ва соҳибмактаб фаромӯш мекунем.

Мастона Эргашева аз ҳамон қабил хонандаҳоест, ки бо тарзи иҷрои таронаву эҷоди оҳанг яке аз устодони маъруфи шашмақомсароёни ҷавони имрӯза аст.

Шумораи телефони хонаи хонум Мастона, ки дар дафтарчаи ман навишта шуда буд, кайҳо кӯҳна шудааст ва аз ҳамин хотир талошҳои ман дар гузашта барои пайдо кардани он кас бенатиҷа анҷомид.

Чанд рӯзи пеш дубора чашмам ба исми он кас дар дафтарчаам афтоду якбора оҳанги “Вафо”-яшон ба хотирам омад, ки дар хонаи яке аз дӯстони хориҷӣ як замоне бо рубоб иҷро карда буданд.

Ин оҳанге, ки ба матни Гулрухсор ва бо садои Сабоҳат Наҷмиддинова, овозхони маҳбуби оҳангҳои суннатӣ дар солҳои 1990 маъруф шудааст, аз назари ман чун як гимни занони ошиқу мубориз ва то андозае худхоҳ қабул шудааст.

Ёдам меояд, ки дар ҳамон шаби меҳмонӣ аз хонум Мастона хоҳиш карда будам, ин оҳангро иҷро кунанд. Он кас ба ман рӯ оварда гуфтанд: “Шумо ҷавону ин таронаро аз куҷо медонед?”

Ман гуфтам, ки аз радиову телевизион шунида, дӯсташ доштам ва баъд фаҳмидам, ки муаллифи оҳанг шумо ҳастед. Он кас тааҷҷуб карданд, аммо суханамро ба замин нагузоштанд. Ҳамон рӯз ҳеҷ аз хотирам намеравад.

Хулоса, вақте ин навбат низ чашмам ба исми хонум Мастона дар дафтарчаам афтод, беихтиёр Сабоҳат Наҷмиддинова, шогирди он касро ба ёд овардам. Ва бо кӯмаки Сабоҳат баъдан бо хонум Мастона ҳам баъди 10 соли мулоқоти охирамон телефонӣ ҳамсӯҳбат шудем.

Таассуроти шахсии ман аз ин мусоҳиба хеле гарму самимӣ аст: он кас бо ҷузъиёт ва эҳтироми тамом ба саволҳо посух медоданд, бо пешниҳоди худ барои шунавандаҳои Озодӣ тавассути ҳамон хатти телефон чанд оҳанг, аз ҷумла “Вафо”-ро ҳам иҷро карда, ҳунарнамоии шогирди худро низ муаррифӣ карданд.

Як шахси боз ба сӯҳбату муошират, ошкоргӯ ва хеле хайрхоҳ ҳастанд.

Дигар мушоҳидаи ман ин аст, ки ба мусиқии имрӯзаи тоҷикиву ҳунари овозхонҳои ҷавон бо назари танқидомез, вале хеле одилонаву касбӣ баҳо медиҳанд. Хушам омад, ки мегӯянд, бояд овозхонҳои имрӯза дар баробари иҷрои оҳангҳои миллӣ ҳамкории наздикро бо оҳангсозон фаромӯш накунанд, ки барояшон дар такмили касбияти овозхонӣ мактаби хубе шуда метавонад.

Ба назари ман, бо муроҷиат ба сӯҳбат бо чунин шахсиятҳо пеш аз ҳама бояд дар ёд гирифт, ки ингуна овозхонҳо дорандаи як мероси ғании мусиқии касбӣ ҳастанд. Муҳим нест, ки онҳо дар даврони шӯравӣ зиставу гоҳо оҳангҳои фармоиши идеологиро иҷро мекарданд. Ин ҳама оҳангҳо фақат ҳошияе дар корномаи бои зиндагии эҷодии онҳо аст. Мастона Эргашева яке аз тавонотарин хонандаҳои шоҳасарҳои “Шашмақом” ҳастанд, ки барои наслҳои зиёд метавонанд ҳамчун устоду раҳнамои хуб ва як мактаби комили ҳунар хизмат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG