Пайвандҳои дастрасӣ

Инак, дар сомонаи интернетии Радиои Озодӣ сафҳаи нав ва махсусе боз мешавад, ки умедворем, Шумо ҳар рӯз ин ҷо хоҳед омад.

Аммо фақат омадану хондан ва ё баъзан омадану дидану рафтани Шумо кофӣ нахоҳад буд. Агар бо мо ҳамкорӣ ва ба ин сафҳа кӯмак кунед, Блогистони мо Гулистон ва ин нишеман дарвоқеъ ғайриодӣ хоҳад шуд.

Дар Душанбе ва Праг Радиои Озодӣ даҳҳо корманд дорад. Онҳо субҳ сари кор меоянд ва ҳар нафар ҷои муайяни нишаст, яъне мизу курсӣ, компютер ва телефони худро дорад. Ҳама ҳамкорон телефонҳои ҳамроҳ доранд, баъзеҳо дутоӣ. Субҳ дар интернет хабарҳои саросари ҷаҳонро мебинанд ва ба идораву муассисаҳо занг мезананд, гоҳе Шумо занг мезанеду хабареро мерасонед ва ҳамин гуна рӯзи корӣ оғоз меёбад.

Дар соати муайян ҳама ҳамкорон дар Праг ва Душанбе рӯи хатти телефони паҳнаки сегӯшаи рӯи мизи асосии мудаввар, телефоне, ки садояшро ҳама мешунаванд, ҷамъ меоянд ва бо табодули андеша тарҳи барномаи навбатии радио, кори сомонаи интернетӣ, аккосию видебардорӣ омода мегардад.

Вақте вазифаҳо муайян шуданд, ҳама аз пайи кор мешавад. Талошҳо тамоми рӯз ва гоҳе то нимаи шаб низ давом мекунанд. Фақат ба хотири он ки манзараи хабарии рӯз ба шунавандагон ва хонандагони мо намудор гардад.

Аммо дар давоми рӯз хабари наве мерасаду тарҳи барнома ё тартиби матолиби сомонаро тағйир медиҳад. Дафъатан чанд нафар бо мавзӯъи нав машғул мешаванд. Яъне тарҳе, ки субҳ сохта шудааст, нақши рӯи санг нест, ки тағйир накунад. Ба ғайр аз ҷои муайяни нишаст, ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Праг як ҳуҷрае ҳаст, ки ҳамкорон дар давоми рӯз саре ба он мезананд. Ин ҷо мешавад, пиёлае чой ё финҷоме қаҳва нӯшид ва сӯҳбат кард. Ба истилоҳ чойхона ё қаҳвахонаи мо.

Сафҳаи нави мо низ ҳамин гуна як ҳуҷраи дигаре дар ин сомона аст, ки мешавад, вақти дилхоҳ вориди он шуд ва аз ину он сӯҳбат кард. Ҳадаф аз он гуфтугӯи самимона, инсонӣ ва шояд берун аз хабарҳои рӯз дар фазои дӯстона ва осудаву бешитоб аст. Барои ин ҳамаи Шуморо ба кори эҷодӣ даъват мекунем. Мушоҳидаҳои худро аз зиндагии даврубари хеш бинависед ва ё андешаву таҳлилҳои худро ба миён гузоред ва аз ин минбар барои некиву рушд истифода намоед.

Бо иҷозаи бархе аз блогнависони тоҷик инчунин навиштаҳои онҳоро ба нашр хоҳем расонд ва аз онҳо даъват хоҳем кард, барои Блогистон бинависанд. Вале инро ҳам ёдовар мешавем, ки ҳамаи қоидаву қонуни журналистӣ ва меъёрҳои ахлоқи инсонӣ ба ин гӯша аз сомонаи мо низ хос хоҳад буд.

Яъне ҳадаф ҳамоно бозтоби зиндагист ва агар чизеро мо аз ёд бурдаем, Шумо кӯмакамон кунед, то манзарае, ки мегӯем, рӯшану комил намудор гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG