Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Посдорон Инқилоб ба мухолифон


Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ҳушдор дод, дар сурати тазоҳуроти тарафдорони мухолифин дар Рӯзи Қудс, онҳоро қотеъона саркӯб хоҳад кард. Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа садҳо ҳазорон нафар эрониён барои ҳамраъйӣ бо фаластиниён барои раҳпаймоӣ ба хиёбонҳои Теҳрон бароянд. Рӯзи Қудси имсола дар замонест, ки баҳсҳо сари интихоботи ҷанҷолбарангези раёсати ҷумҳури Эрон идома дорад, ки ба гуфтаи мухолифон барои таъмини пирӯзии раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар он тақаллуби густурдае сурат гирифтааст. Пешвоёни шинохтаи мухолифин, Муҳаммади Хотамӣ - раиси ҷумҳури собиқ, Мирҳусайни Мӯсавӣ - нахуствазири пешин ва Меҳдӣ Каррубӣ номзади дигари шикастхӯрда дар интихоботи моҳи июн гуфтаанд, ки дар раҳпаймоии Рӯзи Қудс ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG