Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Индонезия ба орзуяш расид


Пулиси Индонезия мегӯяд, Нурдин Муҳаммад Топ - як тундрави ашшадӣ дар ин кишварро куштааст, ки солҳо боз ҷустӯҷуяш мекарданд. Ба гуфтаи фармондеҳи нерӯҳои пулиси Индонезия, ин тундравро бо се ҳамроҳи дигараш дар як хонае дар Ҷазираи Ява куштанд. Нурдин Муҳаммадро дар тарҳрезии як силсила ҳамлаҳое муттаҳам медонистанд, ки бар асари онҳо аз соли 2003 то кунун даҳҳо нафар шаҳрвандони ғарбӣ ва худи Индонезия ҳалок шудаанд. Мегӯянд, ки ӯ дар бомбгузориҳои тобистони ҳамин сол дар ду меҳмонхонаи шаҳри Ҷакарта ҳам нақш доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG