Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон эътироф кард, ки баъзе аз мақомоти ҳукуматӣ дар интихобот аз ӯ ва баъзе дигар аз рақиби аслиаш Абдулло Абдулло тарафгирӣ карданд. Аммо ӯ таққалубкории густурда дар интихоботро рад намуда гуфт, агар тақаллуб шуда бошад ҳам, бисёр кам будааст: "Мақомоти ҳукуматӣ дар ҳар ду ҷониб, тарафгирӣ карданд. Баъзе аз мақомоти ҳукуматӣ буданд, ки бисёр ва бисёр маро тарафдорӣ карданд ва баъзе аз мақомоти ҳукуматӣ буданд, ки бисёр ва бисёр доктор Абдуллоро тарафдорӣ карданд." Бар асоси натиҷаҳои пурра ва муқаддамотии интихоботи Афғонистон, дар даври аввал Ҳомиди Карзай тақрибан 55 ва доктор Абдулло ҳудуди 28 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудаанд. Аммо ин натиҷаҳо то замони ҳукми Кумиссиёни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ ниҳоӣ ҳисобида намешавад, ки ин кумиссиён хостааст, то орои даҳ дар сад аз марказҳои раъйдиҳии Афғонистон бозшуморӣ шавад.