Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази марзбонии Қирғизистон мекӯчад


Дастгоҳи марказӣ ва ситоди кулли хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти Қирғизистон аз Бишкек ба шаҳри Ӯш интиқол хоҳад ёфт.

Чӯлпонбек Турусбеков, муовини раиси хадамоти марзбонии қирғиз таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ, гуфт, таҳаввулоти ахир дар Покистон ва Афғонистон ва ҳодисаҳое, ки ахиран дар вилояти Андиҷони Ӯзбакистон ба вуқӯъ пайвастанд, суръати интиқоли дастгоҳи марказӣ ва ситоди кулли хадамоти марзбониро аз Бишкек ба минтақаи ҷануб тезонид. Чӯлпонбек Турусбеков ҳамчунин тазаккур дод, ки пиёда шудани чорабиниҳои амниятӣ дар мавриди аз байн бурдани гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолобод, ки моҳи июни соли равон рух дод, омили дигари интиқоли дастгоҳи марказӣ ва ситоди кулли хадамоти марзбонии ин кишвар ба Ӯш мебошад.

Муовини раиси хадамоти марзбонӣ гуфт, беш аз пеш бад шудани вазъияти марбут ба интиқоли маводи нашъаовар дар ҷануб, ки аз Афғонистон маншаъ гирифтааст, ба дунболи он афзоиши таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба амнияти миллии Қирғизистон дар ҷануби он далоилеанд, ки дастгоҳи марказии хадамоти марзбонӣ аз шаҳри Бишкек ба маркази вилояти Ӯш интиқол ёбад.

Бар асоси суханони оқои Турусбеков, дар вилояти Ӯш хадамоти марзбонӣ иншоотҳои худро дорад, ки воҳидҳои марзбонӣ дар он мустақаранд. Вай афзуд, дар ҳамин ҳол, сохтмони як бинои семанзила дар арафаи анҷомёбист, ки дастгоҳи марказӣ ва ситоди кулли хадамоти марзбониро дар худ ҷой хоҳад дод.

Ба таъкиди Чӯлпонбек Турусбеков, сару садоҳое, ки иқдоми хадамоти марзбонии кишварашро ба таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар минтақаи Ботканди ин кишвар марбут арзёбӣ мекунанд, ягон пояи воқеӣ надоранд.

Аммо ба навиштаи нашрияи электронии «Фергана.ру», ба анҷом нарасидани корҳои таъйин ва аломатгузории марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Ӯзбакистон як қатор ихтилофҳоро дар миёни ин се кишвар ба бор овардааст. Ин манбаъ меафзояд, ахиран дар хатти марзи миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳодисаҳои фавқулодда ба вуқуъ пайвастанд, ки барои афзоиши ин ихтилофҳо сабаб шудаанд. Нашрияи «Фергана.ру» навиштааст, аз ҷумла, убури ғайриқонунии марз, зуд-зуд ба вуқӯъ пайвастани низоъҳо миёни бошандагони минтақаҳои марзӣ бо марзбонони самти муқобил, истифода барои чарогоҳ аз қаламрави ин ё он кишвар, ҳамчунин бунёди иншоотҳо дар минтақаҳои баҳснок ва амсоли он авомиле маҳсуб мешаванд, ки ҳодисаҳои ба рӯи ҳамдигар бастани марзро афзоиш додаанд.

Ба гуфтаи коршиносони масоили сиёсӣ, водии Фарғона минтақаи аз ҳама сераҳолӣ ба шумор меравад, ки вилоятҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро муттаҳид намудааст. Гуфта мешавад, аҳолии ин се вилояти ҳаммарз дар шароити тоқатфарсо ба сар мебаранд ва баъзе гурӯҳҳо ин минтақаро инфиҷоромез арзёбӣ мекунанд, ки бесабаб нест. Бино ба ин манобеъ, ба ин далел, гурӯҳҳои тундрави исломӣ ҳамеша минтақаи мазбурро ба майдони муборизаҳои сиёсӣ табдил доданианд.
XS
SM
MD
LG