Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири ҷиддӣ дар барномаи муҳими ИМА


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, дар барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакиаш дар Аврупо, як “тағйири ҷиддӣ” ворид мекунад. Пештар аз ин нахуствазири Ҷумҳурии Чех гуфт, ҳукумати Амрико аз истиқрори радарҳояш дар он кишвар даст мекашад, ки бархе аз сипари дифоъии мушакист. Ҷеф Моррел – сухангӯи вазорати Амрико дар мавриди тағйири ҷиддӣ дар барнома ҷузъиёт надод, вале гуфт, ҳадаф аз истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупо барои маҳви мушакҳои дурпарвозе буд, ки Эрон ба онҳо таваҷҷӯҳи камтар дорад. Русия ин системаро хатаре ба амнияти милли худ медонист ва мухолифи ҷойгир кардани мушаку радарҳои амрикоӣ дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех буд. Ин ҳаракати Амрико дар ҳолест, ки Аврупои Шарқӣ аз он нигаронанд, ки талошҳои Амрико ба хотири беҳбуди равобиташ бо Русия метавонад, бо баҳои ҳамкорӣ бо шарикони аврупоиаш меанҷомад.
XS
SM
MD
LG