Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико аз як барномаи муҳим даст кашид


Ян Фишер - нахуствазири Ҷумҳурии Чех эълом кард, Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ба ӯ гуфтааст, ки Иёлоти муттаҳида аз истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар ин кишвар даст мекашад. Ян Фишер дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Барак Обама шаби дирӯз дар як сӯҳбати телефонӣ ин хабарро ба ӯ расонидааст. Пештар аз ин рӯзномаи амрикоии “Уол Стрит Ҷорнал” хабар дод, ки Амрико аз барномаи истиқрори 10 мушакҳои боздоранда дар Лаҳистон ва радарҳо дар Ҷумҳурии Чех даст хоҳад кашид. Ба гуфтаи рӯзнома, тарҳи мазкурро барои он канор мегузоранд, ки Эрон назар ба ончӣ ки тассавур мешуд, дар сохти мушакҳои дурпарвоз кундтар ҳаракат кардааст. Ҷорҷ Буш – раиси ҷумҳури пешини Амрико барои истиқрори сипари зиддиҳавоӣ дар Аврупои Марказӣ талош мекард, то ба гуфтаи он аз ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии Эрон ҷилавгирӣ шавад. Русия ин сипарро, хатаре барои амнияти миллии худ хонда сарсахтона ба он мухолифат мекард.
XS
SM
MD
LG