Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар Лаҳистон мушак намегузорад


Ҳукумати Ҷумҳурии Чех мегӯяд, Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико шаби гузашта ба Ян Фишер – нахуствазири он кишвар тамоси телефонӣ гирифта, масъалаи истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистонро баррасӣ кардааст. Сухангӯи ҳукумати Ҷумҳурии Чех ҷузъиёти бештаре дар ин замина надод, вале гуфт, як ҳайъати Амрико имрӯз барои сӯҳбат доир ба ин барнома ба Варшава ва Прага меоянд. Пештар аз ин рӯзномаи амрикоии “Уолл Стрит Ҷорнал” хабар дод, ки Амрико аз барномаи истиқрори 10 мушаки боздоранда дар Лаҳистон ва радарҳо дар Ҷумҳурии Чех даст хоҳад кашид. Ба гуфтаи рӯзнома, барои он аз тарҳи мазкур даст мекашанд, ки Эрон назар ба ончӣ ки тассавур мешуд, дар сохти мушакҳои дурпарвоз кундтар ҳаракат кардааст. Ҷорҷ Буш – раиси ҷумҳури пешини Амрико барои истиқрори сипари зиддиҳавоӣ дар Аврупои Марказӣ талош мекард, то ба гуфтаи он аз ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии Эрон ҷилавгирӣ шавад. Русия ин сипарро, хатаре барои амнияти миллии худ хонда сарсахтона ба он мухолифат мекард.
XS
SM
MD
LG