Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мегӯяд тақаллуб "кам будааст"


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон иттиҳомот дар мавриди тақаллубкории густурда дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро рад кард. Карзай, ки бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихобот пешсаф аст, гуфт, “агар тақаллуб шуда бошад, кам буда ва ин дар тамоми ҷаҳон иттифоқ меафтад.” Вай ҳамчунин хостори таҳқиқи бетарафу одилонаи қазияҳои тақаллуб дар интихобот шуд. Пештар аз ин баёнияи Ҳомиди Карзай, нозирони Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки ба солимии якуним миллион оро, ё чаҳоряки тамоми оро шубҳа вуҷуд дорад. Бар асоси натиҷаҳои пурраи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон, Ҳомиди Карзай дар даври аввали интихобот бештар аз 50 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст, вале ин натиҷаҳо танҳо дар сурати таъйиди кумиссиёни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ қонунӣ ҳисобида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG