Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзбони фирорӣ боздошт шуд


Сарбози фирории дидбонгоҳи марзбонӣ дар Рӯшон, ки дар куштори ду ҳамхидматаш гумонбар дониста мешавад, боздошт шудааст.

Муовини додситони гарнизони ҳарбии Хоруғ Хуршед Мустафоқулов ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷаҳонгир Азатшоев, сарбози дидбонгоҳи марзбонии Шидз дар Рӯшон дар байни кӯҳҳои деҳоти Шидз ва Вамди ноҳияи Рӯшон боздошт шудааст.

Ҳангоми боздошт сарбоз муқобилат нишон надодаст, зеро силоҳашро қаблан дар ҷои дигар пинҳон карда буд ва ин силоҳ аз ҷониби мақомоти қудратӣ ёфт шудааст.

Ҷаҳонгир Азатшоев дар куштори ду ҳамхидматаш гумонбар дониста мешавад.

Алъон сабабҳои даст ба куштор задани Азатшоев таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG