Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври аввали Лигаи қаҳрамонони Аврупо


Бозиҳои даври аввали Лигаи қаҳрамонони УЕФА дар ҳашт гурӯҳ баргузор шуданд.

Аз 16 бозӣ мизбонон дар ҳафтоаш пирӯзӣ ба даст оварданд. Дастаҳои мизбон - «Волфсбург»-и Олмон бар ССКА-и Маскави Русия, «Динамо»-и Киеви Укроин бар «Рубин»-и Қазони Русия бо ҳисоби якхелаи 3:1, «Челси»-и Инглистон бар «Порту»-и Португол, «Ливерпул»-и Инглистон бар «Дебресен»-и Маҷористон, «Лион»-и Фаронса бар «Фиорентина»-и Итолиё ва «Олимпиакос»-и Юнон бар «Алкмар»-и Ҳуланд бо ҳисоби мушобеҳ - 1:0, «Севиля»-и Испониё бар «Униря»-и Руминия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Дар панҷ бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. «Реал»-и Испониё бар «Сюрих»-и Швейтсария бо ҳисоби 5:2, «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон бар «Бешиктош»-и Туркия бо ҳисоби 1:0, «Милан»-и Итолиё бар «Марсел»-и Фаронса бо ҳисоби 2:1, «Бавария»-и Олмон бар «Маккабӣ»-и Исроил бо ҳисоби 3:0 ва «Арсенал»-и Инглистон бар «Стандард»-и Белгия бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Чаҳор бозии дигар бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. «Ювентус»-и Итолиё бозиро дар майдони худ бо «Бордо»-и Фаронса ва «Штутгарт»-и Олмон бо «Глазго Рейнҷерс»-и Шотландия бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом доданд. Бозии дастаи мизбон – «Атлетико»-и Испониё бо АПОЭЛ-и Кипр ва «Интер»и Итолиё бо «Барселона»-и Испониё бидуни гол ба поён расиданд.
XS
SM
MD
LG