Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бӯҳрони интихоботии Афғонистон


Димитра Иоанноу, муовини раҳбари ҳайъати нозирони ИА
Димитра Иоанноу, муовини раҳбари ҳайъати нозирони ИА

Бо эълони натоиҷи интихоботи рӯзи 20 август бӯҳрони пасоинтихоботии Афғонистон вориди як марҳалаи нав ва зоҳиран боз ҳам амиқтар мешавад.

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи чоршанбе бар пояи шумориши муқаддамотии оро раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзайро барандаи интихоботи моҳи гузашта эълон кард. Ин дар ҳолест, ки нозирони ИА дар бораи тақаллуби фаровон дар ҷараёни ин маърака гузориш додаанд.

Бар асоси шумориши муқаддамотии кулли оро, Ҳомиди Карзай 54,6 дарсади ороро ба даст оварда, алакай дар даври аввал ба давраи
Мӯҳтарам Ҳомид Карзай - 3 093 256 раъй. Мӯҳтарам доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – 1 571 581 раъй .
дуввуми раёсат даст ёфт. Рақиби аслии ӯ - вазири пешини умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ наздики 28 дарсади ороро соҳиб шудааст.

Довудалии Наҷафӣ, як мақоми аршади куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дирӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул зимни муаррифии охирин натоиҷи шумориши орои интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ гуфт: “Мӯҳтарам Ҳомид Карзай - 3 093 256 раъй. Мӯҳтарам доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – 1 571 581 раъй.” Оқои Наҷафӣ аммо афзуд, ки мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи 20 август зери 39 дарсадро ташкил дода, дар раъйгирӣ ҳамагӣ 5 миллиону 900 ҳазор мардуми воҷиди шароити раъй ширкат варзидаанд.

Аммо натоиҷи эълоншуда то замоне, ки як ниҳоди мустақили расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ ҳама мавридҳои тақаллубро баррасӣ накунад, ниҳоӣ нест. Ин кумиссиюн гуфтааст, ки натоиҷи раъйгириро дар тақрибан 10 дарсади ҳавзаҳо бозшуморӣ хоҳад кард.

Ҳомиди Карзай, ки барандаи интихоботи Афғонистон эълон шуд
Арсалоҳ Ҷамол, сухангӯи ситоди интихоботии Ҳомиди Карзай, аз эълони натоиҷи шумориши оро изҳори хушҳолӣ ва истиқбол кард. Сухангӯи Карзай низ вуҷуди мавориди тақаллубро дар интихоботи ахир эътироф кард, вале гуфт, ҳаҷми тахаллуф ва дасткорӣ дар ин маърака ба гунае бузург набуд, ки бархе мехоҳанд ба хотири ба чолиш кашонидани машрӯъияти интихобот тасвир кунанд: “Дар ин интихобот як идда камбудӣ, теъдоде шикоёт ва бархе анвоъи тақаллуби раъйгирӣ ҷой дошт, вале ин ҳама ба андозае фаровон набуд, ки бархе гурӯҳҳо мехоҳанд ба манзури зери суол бурдани машрӯъияти интихобот тасвир кунанд. Интихобот қонунист. Интихобот бомуваффақият баргузор шуд, вале, албатта, бо баъзе камбудиҳо.”

Бархе мақомоти маъмурияти Карзай ҳамчунин гуфтаанд, ки барандаи интихобот, яъне раисиҷумҳури кунунӣ маҷбур мешавад тибқи он
Интихобот бомуваффақият баргузор шуд, вале, албатта, бо баъзе камбудиҳо.
тарҳи ғайриқобилииҷрои тақсими қудрат, ки давлатҳои ғарбӣ таҳия ва ҷорӣ кардаанд, кор кунад.

Бо ин ҳол, дирӯз ҳайъати нозирони интихоботии ИА дар Афғонистон ҳудуди якуним миллион раъйи додашуда дар интихоботи 20 августро, ки аз он 1,1 миллионаш ба фоидаи Ҳомиди Карзай ва 300 ҳазораш ба ҷонибдорӣ аз доктор Абдуллоҳ будаанд, “машкук” номид. Димитра Иоанноу, муовини раҳбари ҳайъати нозирони ИА дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, дар баъзе ҳавзаҳои раъйдиҳӣ тахаллуфоти густарда мушоҳида шудааст. Раҳбари ин ҳайъат Филлип Мориллон аз мақомоти Афғонистон даъват кард, ҳама мавридҳои шикоятшудаи тақаллубро мӯшикофона таҳқиқ кунанд: “Мо талош кардем, пеши роҳи тақаллуби густардаро бигирем, вале мо дар ин амр муваффақ нашудем. Феълан мо вуҷуди тақаллуби густардаро дар ин маърака таъйид мекунем ва аз мақомоти Афғонистон мехоҳем, ин мавридҳоро ҳанӯз то тасвиби натоиҷи интихобот таҳқиқ кунанд.”

Доктор Абдуллоҳ, рақиби аслии Карзай дар интихобот
Ситоди Ҳомиди Карзай дар посухи билофосилааш натиҷагирии ҳайъати нозирони аврупоиро “нокомил, бемасъулиятона ва муноқиз бо
Мо талош кардем, пеши роҳи тақаллуби густардаро бигирем, вале мо дар ин амр муваффақ нашудем.
Қонуни асосии Афғонистон” хонд. Абдулкарими Хуррам, вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон боз ҳам фаротар рафт ва қудратҳои ғарбиро ба он айбдор кард, ки бо сӯъистифода аз таҳаввулоти ахир мехоҳанд давлати Карзайро ба тақсими қудрат бо рақибони интихоботиаш маҷбур кунанд: “Ҳадаф аз ин фишор рӯи кор овардани як давлати заифу вобастаест, ки дар баробари онҳо истодагарӣ карда натавонад. Дахолат ва фишор ҳамеша дар ин ҷо буд. Чунин вазъ имрӯз ба вуҷуд наомадааст. Ин фишорҳо қабл аз интихобот, дар ҷараёни ин маърака ва баъди интихобот ҳамчунон идома дошт.”

Абдулкарими Хуррам гуфт, ин барномаи тақсими қудрат ҳанӯз ду моҳ пеш таҳия шудааст. Ин изҳороти вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон як намунаи дигари баланд шудани лаҳни зиддиғарбӣ дар сӯҳбатҳои намояндагони маъмурияти Ҳомиди Карзай дар пайи интихобот аст. Аммо то замоне ки ин гузориш омода мешуд, кишварҳои Ғарб дар шарҳи ин иддао изҳори назаре накарда буданд.

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад аммо пирӯзии Ҳомиди Карзайро дар ростои манофеъи феълии давлати Тоҷикистон медонад. Барои шунидани сӯҳбати коршиноси тоҷик гӯшаи "Чандрасонаӣ"-ро ангушт занед.
XS
SM
MD
LG