Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври нави гуфтугӯи намояндагони Русияву Гурҷистон


Гурҷистону Русия имрӯз музокироти амниятӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз низоъҳои бештар дар минтақаи хушунатзадаи Қафқозро дар Женева аз сар мегиранд. Талоши Тифлис барои касби дубораи назорат бар вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ дар соли гузашта мунҷар ба ҷанги кӯтоҳе байни Русияву Гурҷистон шуд. Артиши Русия нирӯҳои Гурҷистонро берун андохта, баъди чанде истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, боз як вилояти дигари ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохт. Гурҷистон ин иқдоми Маскавро маҳкум мекунад.
XS
SM
MD
LG