Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти Сурияву Ироқ дар Истамбул


Вузарои хориҷаи Сурияву Ироқ Валид Муаллим ва Ҳушёр Зиборӣ имрӯз дар Истамбул роҳҳои рафъи танишҳои бархоста байни Димишқу Бағдодро баҳс хоҳанд кард. Сурия тақозои Ироқ ҷиҳати ба Бағдод супурдани ду нафареро, ки ба даст доштан дар бомбгузориҳои хунини рӯзи 19 август дар Бағдод гумонбар дониста мешаванд, радд кард. Бар асари он ҳамлаҳо дар пойтахти Ироқ беш аз 100 нафар кушта шуданд.
Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ аз СММ хостааст, ки он ҳамлаҳоро таҳқиқ кунад.
Музокироти имрӯза дар Истамбул бо миёнҷигии вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудуғлу баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG