Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ҳушдор дод, ки кишварашро набояд дар шароите қарор бидиҳанд, ки байни ИА ва Русия якеро интихоб кунад. Лукашенка, ки дар ҳамоиши тоҷирони Литваву Беларус дар Вилнюс сухан меронд, гуфт, Беларус мехоҳад “пуле байни Шарқу Ғарб” бошад. Дар пойтахти Литва як тазоҳуроти хурди мухолифони давлати Лукашенка низ баргузор шудааст.
Ин дуввумин сафари ӯ ба Аврупо дар пайи эъмоли таҳримоти сафар барои мақомоти Беларус аз ҷониби ИА-ст. Лукашенка чанде пеш аз Итолиё ва Ватикан дидан карда буд.
Ин дуввумин сафари ӯ ба Аврупо дар пайи эъмоли таҳримоти сафар барои мақомоти Беларус аз ҷониби ИА-ст. Лукашенка чанде пеш аз Итолиё ва Ватикан дидан карда буд.