Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ба Афғонистон нирӯи бештар фиристоданӣ нест


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ба ин зудиҳо ҷиҳати тасмими нирӯи бештаре ба ҷанги Афғонистон тасмимгирӣ нахоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, қаблан гуфт, ки ғолибан ба манзури набард бо муқовиматҳои афзоянда дар Афғонистон эъзоми нирӯҳои изофӣ зарур мешавад. Фармондеҳи нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл низ вазъро дар он кишвар бад арзёбӣ карда, интизор меравад, ки ба зудӣ эъзоми ҳазорон нирӯи навро ба Афғонистон дархост кунад. Амрико ахиран ҷиҳати ирсоли 21 000 сарбози изофӣ ба он кишвар тасмим гирифт, ки теъдоди нирӯҳои амрикоиро дар Афғонистон то поёни соли равон ба 68 000 нафар хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG