Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин иншасти хабарии сарвазири нави Ҷопон


Сарвазири ҷадиди Ҷопон Юкио Ҳатояма гуфт, ки мехоҳад дар мулоқоти ҳафтаи ояндааш бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама “равобити қобили эътимод”-ро бино кунад.
Ҳатояма дирӯз раиси кобинаи вазирони Ҷопон интихоб шуд.
Ҳизби чапгарои демократи ӯ дар интихоботи моҳи гузашта ғолиб омада, ба ҳукмронии 50-солаи ҳизби муҳофизакори либерал-демократ поён дод. Юкио Ҳатояма дар нахустин нишасти хабарӣ баъд аз интихоб шуданаш ба сарвазирии Ҷопон гуфт, ки давлати ӯ роҳҳои равобити наздиктар бо ҳамсояҳояш дар қораи Осиё, аз ҷумла бо Чинро хоҳад ҷуст.
XS
SM
MD
LG