Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду сарбоз бо ҷурми бадрафторӣ


Додгоҳи низомии гарнизони Хуҷанд як сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба як ҳамхидмати худ ба як соли зиндон ва як марзбони дигарро бо айни ҷурм ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, ки сержант Сангинбоев ва Раҳматов нисбат ба сарбози навхидмат Аъзам Тангиров бадрафторӣ кардаанд ва дар натиҷа Тангиров рӯзи 21 июл аз мусалсали Калашников ба пои худ тир мезанад.
Бадрафторӣ нисбат ба сарбозони ҷавонтар, ки мероси артиши Иттиҳоди Шӯравист, дар нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ роиҷ будааст.
XS
SM
MD
LG