Пайвандҳои дастрасӣ

Бо номи "Нахҳои заррини шоҳии тоҷик" дар Oсорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод намоиши анвои гуногуни матои абрешимӣ боз шуд.

Дар намоишгоҳ беш аз 150 навъи атласи қадима, адрасу шоҳӣ, либоси занонаю мардонаи қарни 19, ҷойнамозу сӯзанӣ, зардӯзиву рӯймол, беқасаб, ки низ аз матои шоҳӣ таҳия шудаанд, пас аз таваққуфи чандсола ба нахустин ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ин намоиш бо кӯмаки молии барномаи “Фарҳанг ва ҳунар”-и Институти “Ҷомеаи боз”, як созмони ҷамъиятӣ бо исми Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии санъатшиносӣ фароҳам омадааст. Наворгири «Озодӣ» дар расми ифтитоҳи ин намоишгоҳ низ ҳузур дошт ва таъриху тартиби таҳияи шоҳиро чунин тавсиф мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG