Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ҳаҷ


Наҷмиддини 35-сола ҳарчанд аллакай ҳоҷӣ аст, вале мехоҳад имсол ҳам ба зиёрати хонаи Худо равад.

Ҳаҷ кардан барои аҳли хонаводаи ӯ як орзӯи дерина аст. Ба гуфти Наҷмиддин, волидон ва ҳамсараш соли гузашта ҳоҷӣ шудаанд ва акнун худаш мехоҳад бори дигар бо истифода аз шароити хуби молиаш ба тавофи Каъба равад. Наҷмиддин соҳибкор буда, ба вуруди маҳсулоти чинойи ба Тоҷикистон машғул аст.

Вай мегӯяд, «ҳозир шароит ки ҳаст меравем, пагоҳ шояд имкон пайдо нашавад. Одамон, ки дар як сол як бор барои таътил ба кишварҳои хориҷӣ мераванд, мо мехоҳем, ки ба зиёрати маккатуллоҳ равем. Барои хубтар иҷро крадани маросими ҳаҷ китоб хонда истодаам, ки онро дуруст тибқи фармудаҳои паёмбар иҷро кунам».

Наҷмидин гуфт, омодагӣ ба сафари ҳаҷ як моҳ зиёдро талаб карда, санадҳои назири маълумотнома аз ҷойи истиқомат, шиносномаи дохиливу хориҷӣ, шаҳодатномаи вазъи сиҳҳатӣ ва чор дона акс зарур аст.

Абдуғафор Юсупов, мудири шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати сарраёсати корҳои дини Вазорати фарҳанг, мегӯяд, барои зоирон имсол гирифтани воксин алайҳи бемории зукоми хук мушкилтар аст. Вай гуфт, «воксини алайҳи зукоми хукро гирифтан ҳатмист. Душворӣ дар он аст, ки баъди гузаронидани воксин одамон як-ду рӯз бемор мешаванд, мутобиқшавӣ ба вирус душвор аст».

АФЗОИШИ «КВОТА»-И САФАРИ ҲАҶ


Аз назари зоирон имсол ҳам бо вуҷуди афзоиши «квота»-и сафари ҳаҷ боз ҳам пайдо кардани ҷой мушкилест азим. Зеро шумори хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо мисли ҳамеша зиёд аст, вале ҳукумати Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон имсол ҳам гуфтааст, ки аз 5000 ҷой бештар дода наметавонад.

Як сабаби афзудани шумори ҷавонон дар миёни зоирин ин аст, ки мувофиқи қонунҳои Арабистон занони бемаҳрам ба ин кишвар роҳ дода намешаванд. Яъне ҳамроҳии шавҳар, писар, бародар ва ё тағову амак барои бонувон ҳатмист.

Вале сабаби аслии ба маротиб афзудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба сафари ҳаҷро Наҷмиддин дар майли афзояндаи ҳамсолонаш ба мазҳабу шинохти ҳуввияти динии хеш дар солҳои охир мебинад. Вай мегӯяд, ҷавонҳои имрӯза худро бо вазъи волидону бобоёнашон дар солҳои шӯравӣ муқоиса карда хуб дарк мекунанд, ки расидан ба ин орзуи нуҳуфта ҳоло амалишаванда аст.

Наҷмиддин гуфт, «сабтиномшудагон каманд. Дар як ноҳияи калон 120 нафар, яъне ба панҷоҳ одам як нафар, рост меояд. Довталаб беҳад зиёд. Ҳар кас ба ниёзи мусалмониаш кӯшиш мекунад, ки барвақтар ҳоҷӣ шуда, аз гуноҳҳо пок шавад».

АФЗОИШИ ШУМОРИ ЗОИРОНИ ҶАВОН

Баъди сафари ҳаҷ аксари ҳоҷиёни ҷавон кӯшиш мекунанд, зиндагии худро тағйир бидиҳанд, мегӯяд зоири ҳамсӯҳбати мо. Барои бисёри онҳо лафзи қабеҳу нӯшидани машрубот, рафтори дигари ғайришаръӣ нораво мешавад.

Илҳом, ҷавони 23-сола, низ дар орзуи дидани хонаи Худо аст. Илҳом мегӯяд, «Худованд насиб карда бошад, бо пули ҳалол танҳо барои Худованд сафар мекунам. Ба хотири шону шӯҳрат не, танҳо бо роҳи Худо!»

Мирзоҳомиди Сайидаҳмад, муддариси Донишкадаи исломӣ ва роҳбалади сафари ҳаҷ, мегӯяд, тибқи қавонини ислом, адои ҳаҷ ба ҳар як мусалмони болиғу қодир фарз буда дар айни замон аз лиҳози ҷисмонӣ чандон осон нест, аз ин рӯ тавсия дода мешавад ки инсонҳо дар айёми нерӯмандӣ ва ҷавонӣ ин қарзи худро адо созанд. Ҳамчунин муддарис гуфт, ислом ба фарзандон нахуст фиристодани волидон ба ҳаҷро тавсия медиҳад.

Вай афзуд, «ин фарзест аз фаризаҳои ислом. Агар инсонҳо ба хотири обрӯ ба ҳаҷ раванд, баъди баргашт воқеан обрӯ пайдо мекунанд. Аммо аз савоби ҳаҷ маҳрум мешавад. Бояд ҷавонон донанд, ки ҳаҷ ҳамон вақт ба шахс фоида дорад, ки ба хотири Худо бошад!»

Бар тибқи мушоҳидаҳои масъулини сафари ҳаҷ, ҳамасола ҳудудан 40–50 дарсади зоиронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бар тибқи қарори ҳукумати кишвар, ҳар як шаҳрванди аз 18 то 80-сола ҳуқуқи ба ҷо овардани маросими ҳаҷро дар Арабистони Саъудӣ дорад.

МАСОРИФИ САФАРИ ҲАҶ МЕАФЗОЯД

Абдуғафор Юсупов, мудири шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати сарраёсати корҳои дини Вазорати фарҳанг, гуфт, имсол харҷи сафар низ афзоиш ёфта 3342 долларро ташкил додааст: «Ин маблағ барои чиптаҳои ҳавопаймо, барои хуроки 30-рӯза, арзиши меҳмонхонаҳо дар Маккаву Мадина, воксин, ҳаққи хизматрасонии роҳбаладону, кормандони тиб, ва ҳаққи хизмати вазорати фарҳанг, қурбонӣ ва камзулу дигар масориф пешбинӣ шудааст».

Ба хотири таъмини сафари бароҳат ва бехатари зоирон, Вазорати фарҳанги кишвар бо Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ, шартномаҳои заруриро ба тасвиб расонидаанд.

Барои пешгирӣ аз сафари бенизоми ҳоҷиён ва такрори мавридҳои аз роҳ баргаштани зоирон, ки солҳои гузашта мушоҳида шудааст, Вазорати фарҳанг имсол ҳуқуқи ширкатҳои саёҳӣ барои таҳияи санадҳои зоиронро дар мавсими ҳаҷ манъ кардааст. Аммо ба ин ширкатҳо ташкили ҳаҷи умра, яъне зиёрати хонаи Худо дар давоми сол иҷоза дода мешавад.

Дар бастагӣ ба таваҷуҳи афзояндаи мардум ба сафари ҳоҷиён бархе аз коршиносони умури иқтисод ҳисоб кардаанд, ки соле дар маҷмӯъ ҳоҷиёни тоҷик ҳудуди 20 то 25 миллион долларро барои зиёрати Каъба сарф мекунанд.
XS
SM
MD
LG