Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ситоди Карзай ба нозирони Иттиҳодияи Аврупо


Ситоди интихоботии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупоро дар "бемасъулиятӣ" айбдор кард. Дар изҳороти ин ситод гуфта шудааст, ки Иттиҳодияи Аврупо бо пахши иттилоъи нозирони худ аз ҳадди ваколатҳояш берун пой гузоштааст. "Ин иттилоъ бояд, қабл аз ҳама, ба Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон ироа мешуд", омадааст дар изҳороти ситоди Ҳомид Карзай.
Ин изҳорот - посух ба баёнияи нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аст, ки тибқи он дар маҷмӯъ яку ним миллион раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ «шубҳабарангезанд» ва ин тақрибан 15 дар сади теъдоди умумии афроди соҳиби ҳаққи раъйро ташкил медиҳад. Филипп Мориллон, раиси ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кобул гуфт: «Мо талош кардем, ки аз тақаллуби густарда ҷилавгирӣ кунем. Ва аммо муваффақ нашудем. Мо таъйид мекунем, ки дар интихобот тақаллуби густарда сурат гирифтааст ва мо аз мақомоти Афғонистон хоҳиш мекунем, ки қабл аз эълони натоиҷи расмӣ тафтишот гузаронанд. Имрӯз мо далелҳои дорем, ки бигӯем интихобот озод набуд».
Ба иттилоъи Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, баъди баршумурдани 95 дар сади баргаҳои раъй раҳбари феълии кишвар Ҳомид Карзай бо дарёфти 54 дар сади оро пешсаф аст.
XS
SM
MD
LG