Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон раисиҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзайро бо 54%-и раъйҳо барандаи интихоботи президентии 20 август эълон кард.

Ба иттилоъи комиссиюн, дар интихобот камтар аз 40 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд.

Аз ин пеш Ситоди интихоботии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳайати нозирони Иттиҳоди Аврупоро дар бемасъулиятӣ айбдор кард. Дар изҳороти ин ситод гуфта шудааст, ки "Иттиҳоди Аврупо бо пахши иттилоъи нозирони худ аз ҳадди ваколатҳояш берун пой гузоштааст".

Ин изҳорот - посух ба баёнияи нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аст, ки тибқи он, дар маҷмӯъ яку ним миллион раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ «шубҳабарангезанд» ва ин тақрибан 15 дар сади теъдоди умумии афроди соҳиби ҳаққи раъйро ташкил медиҳад.

Эълони натиҷаҳои ниҳоии пешакии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар ҳоле бояд ба вуқӯъ пайваст, ки ихтилоф байни мақомоти ин кишвар ва ҷомеаи байнулмилалӣ дар робита ба ин натиҷаҳо ба авҷи худ расидааст.

Мақомоти давлати Афғонистон мегӯянд, таъвиқ дар эълони натиҷаҳои интихобот зери фишори байнулмилалӣ ба миён омадааст. Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Абдулкарими Хуррам дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ин фишор дар марҳилаи омодагӣ ба интихобот низ вуҷуд дошт ва ҳадафмандона аст.

Вай мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки ҳукуматҳо харобиҳое карданд, манзурам, аврупоиҳо ва амрикоиҳост. Инҳо мехоҳанд, дар ин ҷо як ҳукумати заъиф, як ҳукумате бо пояҳои ларзон, як ҳукумате, ки манфури мардумаш бошад, дар ин ҷо бошад.”

Изҳороти вазири Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, шикоят аз тақаллубҳои густарда дар интихобот сабаби ба саҳна омадани як ҳукумати заъиф мегардад ва бозшумории раъйҳову эълони ҳақиқати интихобот метавонад, ба таъсиси як ҳукумати қавӣ ва рост асос гузорад.

Зимни ихтилоф дар масъалаи вокуниш ба иттиҳомоти густардаи тақаллуб дар интихобот ноиби раиси намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон Питер Голбрайт Афғонистонро тарк кард. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс вай гуфт, бо раиси худ, Кай Эйд дар бобати сарикор бо тақаллуб ихтилоф дорад, вале афзуд, “ин ба он маъно нест, ки мо ҳарду зидди тақаллуб набошем.”

Ҳамчунин нозирони интихоботии Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, наздик ба 1,5 миллион раъй ва ё аз чаҳор як ҳиссаи тамоми раъйҳо мавриди тақаллуб қарор гирифтааст.
Димитира Лоанноу, ноиби раиси ҳайати нозирони Иттиҳоди Аврупо дар интихоботи Афғонистон.

Ноиби раиси ҳайати нозирон аз Иттиҳоди Аврупо, Димитра Лоанноу гуфт, 1 миллиону 100 раъй ба манфиати президенти феълӣ, Ҳомид Карзай ва 300 ҳазор райъ ба суди рақиби ӯ собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ тақаллуб шудаанд.

Голбрайт тақозо кардааст, ки 10 дарсади дигари раъйҳо низ бозшуморӣ шаванд. Аммо даъвати асосии байнулмилалӣ аз Афғонистон ин аст, ки натиҷаҳои расмӣ бояд танҳо баъд аз бозшумории раъйҳо ва ҳалли ҳамаи шикоятҳо аз тақаллуб сурат гирад.

Аммо Довудалии Наҷафӣ, намояндаи аршади Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон дар посух ба ин талабҳо гуфт: “Тибқи
Довудалии Наҷафӣ, намояндаи аршади Кумисюни интихоботии Афғонистон.
қонун на Питер Голбрайт ва ҳеҷ кадоми дигар салоҳият надорад, ки хоҳони бозшумори оро шавад. Қонун дар ин марвиди сароҳат дорад. Танҳо марҷаъе, ки метавонад, бо кумиссюн дохили тамос шавад ва ҳидоят бидиҳад, ки шумориши раъйҳо шавад, ин кумисюни шикояти интихоботист.”


Мақомоти Афғонистон мехоҳанд, ҳарчи зудтар натиҷаҳои интихоботро эълон кунанд. Тибқи охирин нашри онҳо президент Карзай бо 54,2 дарсади раъйҳо дар даври аввал баранда шуда, рақиби ӯ Абдуллоҳ 28% пуштибонӣ ёфтааст. Ниҳодҳои байнулмилалӣ бар инанд, ки натиҷаҳои воқеӣ аз ин эъломияҳо фарқ мекунанд. Мақомоти Афғонистон талаби онҳоро ба эълони натиҷаҳои ростин "фишори хориҷӣ" ба ташкили ҳукумати эътилофӣ ё баргузории давари дувум меноманд.

Дар ҳамин ҳол Филип Мориллон, раиси ҳайати нозирони Иттиҳоди Аврупо гуфт, ҳадаф аз ин эъломияҳо мудохила ба умури Афғонистон нест, балки дархост аз Кумиссиюни мустақили интихоботӣ ба иқдоми амалист. Вай афзуд, ҳама гуна тасмими дигар, аз ҷумла дар мавриди даврои дувум бо худи афғонҳо хоҳад буд.

Ҷаноби Мориллон гуфт: “Мо набояд ба умури Афғонистон дахолат кунем, балки ба ин барнома кӯмак кунем. Тасмимгирӣ кори мо нест, кори худи афғонҳост.”

Натиҷаҳои раъйдиҳии 20-уми август қисм ба қисм эълон шуда, натиҷаҳои ниҳоӣ мебоист рӯзи 3-уми сентябр нашр мегашт. Аммо шикоятҳои афзоянда аз тақаллуб дар раъйдиҳӣ ва таҳқиқи ин шикоятҳо эълони натиҷаҳоро ба таъхир андохт. Дафъатан пас аз интихобот ҳарду номзади асосӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзай ва собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ худро пирӯз эълон карда буданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG