Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумрукиёни ОМ ҷамъ шуданд


Мақомоти хадамоти гумруки Осиёи Марказӣ иқрор карданд, ки адами ҳамоҳангӣ дар фаъолияти онҳо боиси ба вуҷуд омадани монеаҳо дар тиҷорати минтақа шудааст. Аммо, ҳамзамон, таъкид шуд, ки ин мушкилот маснӯъӣ ва муваққатӣ буда, сабабҳои фаннӣ ва молиявӣ доранд.

Сӯҳроб Тошев, муовини хадамоти интиқоли амволи гумруки Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли моли тиҷоратӣ ба Тоҷикистон 90 дарсад тариқи Ӯзбакистон сурат мегирад. Вай афзуд, ду кишвар тибқи созишномаҳо дар чаҳорчӯби узвият дар ИДМ фаъолият мекунанд ва то ба ҳол мушкили ҷиддие дар ин самт ба вуҷуд наомадааст. Оқои Тошев аз қазияи дар Ӯзбакистон ҳудуди як моҳ банд мондани 200 вагони тоҷирони Тоҷикистону Эрон изҳори беиттилоотӣ карда, афзуд, дар аксар маврид соҳибкорон ба Хадамоти гумрук муроҷиат намекунанд.

Бахтиёр Раҳимов, муовини раиси Кумитаи гумруки Ӯзбакистон низ гуфт, барои тоҷироне, ки ба Тоҷикистон мол меоранд ва мебаранд, мушкили умда вуҷуд надорад. Вай афзуд, мушкилоти мавҷуда хеле кӯчак ва ҳалшаванда ҳастанд.

Қувончбек Қулматов, муовини аввали Кумитаи давлатии гумруки Қирғизистон мегӯяд, тоҷирони қирғиз низ дар гумруки Ӯзбакистон ва низ Қазоқистон мушкил доранд, аммо ин танҳо мушкили ин кишвар нест. Вай афзуд, дар саросари Осиёи Марказӣ дар гумрукот мушкил якгуна ҳастанд.

Гулмақсуд Собит, муовини вазири молияи Афғонистон дар мавоили гумрук мегӯяд, тоҷирони кишвараш бо ҳама кишварҳои ҳамсояаш дар марзҳо мушкил доранд. Вай гуфт, дар самти шимол, масалан, муқаррароти гумрукии Тоҷикистон тамоми заминаҳо барои фасодро фароҳам мекунад ва тоҷирони афғон маҷбуранд, пора пардохт кунанд.

Инг Чен, намояндаи Бонки осиёии рушд, ки чанд барномаи беҳбуди хадамоти гумрукӣ ва тиҷорат дар саросари Осиёро сармоягузорӣ мекунад, мегӯяд, бонк ҷонибдорӣ ҳалли дуҷонибаи мушкилоти мавҷуда аст. Вай афзуд, эҳтимол дорад дар собиқ миёни кишварҳо масоиле ба вуҷуд омадаанд, ки бояд ҳал шаванд. Бонки осиёии рушд аз ин масоил хабар надорад. Бонки осиёии рушд мегӯяд, барои беҳбуди тиҷорат ва хадамоти гумрукӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон беш аз 30 миллион доллар тахсис додааст.

Як мақоми яке аз кишварҳои ОМ, ки ифшои номашро нахост, гуфт, мушкил дар хадамоти гумруки минтақа ҳалшаванда аст, агар он дар сатҳҳои раисҷумҳурон баррасӣ шавад, бахусус масоили Тоҷикистону Ӯзбакистон.
XS
SM
MD
LG